Абдулқодирхоҷаи Савдо
Нашр шуд 2017-11-29 14:01
Миқдори мероси бадеии Савдо ҳанўз маълум нест. Зеро тамоми асарҳои ў дар шакли мураттаб то ба мо нарасидаанд. Мероси мавҷудаи шоир аз 94 порчаи манзум, 5 қасида, 1марсия, 56 ғазал, 2 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 6 маснавӣ, 2 қитъа, 9 рўбоӣ, 11 фард, 1 таърих ва 7 ҳикояти мансур – (як ҳикояи маъруфаш «Музҳика») иборат аст. Мероси манзуми Савдо ба лирикаи ишқӣ ва ашъори ҳаҷвию мутоиба ҷудо мешавад.
Савдо Абдулқодирхоҷа шоири тоҷик соли 1823 дар Бухоро ба дунё омадааст. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Савдо зеҳни тез дошта, баробари донишҳои расмии мадраса илми нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққошӣ, заргарӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, лаввоҳӣ ва навозандагиро ҳам омўхт. Савдо донишманди хуби «Шашмақом» будааст.
Дар давраи таҳсил бо шеъргўӣ шурўъ кард. Шоири ҷавон махсусан дар мутоиба, бадеҳагўӣ қобилияти хуб дошт. Сипас, ба дарбор даъват гардид. Савдо бо супориши ҳукумат барои корҳои давлатӣ ба гўшаю канори мамлакат сафарҳо карда, бо аҳволи халқ ошно мешуд ва ба дармондагон ёриҳо медод. Ҳарчанд Савдо аз хизмати дарбор хеле дилгир шуда буд, вале то охири умр аз он муҳит раҳоӣ ёфта натавонист.
Миқдори мероси бадеии Савдо ҳанўз маълум нест. Зеро тамоми асарҳои ў дар шакли мураттаб то ба мо нарасидаанд. Мероси мавҷудаи шоир аз 94 порчаи манзум, 5 қасида, 1марсия, 56 ғазал, 2 мухаммас, 1 тарҷеъбанд, 6 маснавӣ, 2 қитъа, 9 рўбоӣ, 11 фард, 1 таърих ва 7 ҳикояти мансур – (як ҳикояи маъруфаш «Музҳика») иборат аст. Мероси манзуми Савдо ба лирикаи ишқӣ ва ашъори ҳаҷвию мутоиба ҷудо мешавад. Дар лирикаи давраи авали Савдо таъсири Бедил ба назар мерасад. Аммо шоир дар пайравии Аҳмади Дониш ва шогирдони ў ба зудӣ аз доираи ин таъсир баромада, роҳи содданависиро пеш мегирад ва бо мавзўҳои тозаи замони худ рўй меорад.
Баъзе шеърҳои ҳаҷвӣ ва мутоибаомези Савдо ҳазлу зарофати зоҳиран беозор дошта, баъзан танқиди сахти ҳукмронии замонро дар бар гирифтааст. Савдо барои соддаву оммафаҳм шудани шеъраш хеле кўшиш карда, аз калимаву ибораҳои гуфтугўӣ ва зарбулмасалу мақолаҳои халқӣ ҳунармандона истифода бурдааст. Манзуми ҳаётии эҷодиёти Савдо услуби соддаву фаҳмои ў ба шоирони минбаъдаи адабиёти нимаи дуюми асри 19 таъсири зиёде расонд. Аз ин ҷиҳат Савдо дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми намоён дорад.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе. – 1986. – Ҷ. 6. – С. 473.
Муаллиф: С. Алиев.
Аз ин шоири маъруф дар Китобхонаи миллӣ метавон ин матолибро суроғ кард:
Ғазаллҳо // Намунаҳои адбиёти тоҷик. – Сталинобод, 1940. – С. 225-228.
Мунтахобот. – Сталинобод: НДТ, 1959. – 150 с.
Дар таърифи хўрокҳо //Адабиёти тоҷик / Хрестоматия барои синфи 9 . – Сталинобод. – 1960. – С. 301-306.
Баҳория: Шеър //Чор фасл. – Душанбе, 1964. – С. 20-21.
Дарё пебул аст: Шеър // Пионер. – 1957. – №6. – С. 7.
Муболиғакор: Шеър // Пионер. – 1957. – №6. – С. 7.
Хуррам шуд олам // Шарқи сурх. –1964. –№5. – С.74.
Мирзозода, Х. Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823-1873) // Намунаҳои адабиёти тоҷик, Сталинобод, 1940. – С. 224.
Азизқулов, Ҷ. Дар бораи мунтахоботи Абдулқодирхоҷаи Савдо // Газетаи муаллимон. – 1959. – 12 март.
Ҳабибов, А. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба нашри мунтахаби ашъори Абдулқодирхоҷа Савдо // Шарқи Сурх. – 1960. – №1. – С. 151-155.
Ҳодизода Р. Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоири забардасти асри Х1Х-и тоҷик // Адабиёти тоҷик дар нимаи дуйўми асри Х1Х. – Душанбе, 1968. –С. 137-182.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ