“Ҷомӣ ва Навоӣ”

  “Ҷомӣ ва Навоӣ” дуюмин китобест, ки дар хабари як рӯзи пеш иттило дода будем. Ин китоб бо се забон: тоҷикӣ, ӯзбкӣ ва русӣ таҳия ва чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост, асосан дар бораи он пойдевори дӯстие ҳикоят мекунад, ки замоне ду фарзанди донишманди ду миллат: Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ хишти нахустин гузошта буданд. Бо гузашти солҳо ин девор мустаҳкам шуд ва ба як қалъаи азим мубаддал гашт.  Зиёд дар ин бора намегӯем, сарсухани Шоислом Шомуҳаммадовро дар тарҷумаи Ҷонибек Қувноқро пурра меорем ва аз Шумо даъват мекунем ин китоби басо шавқоварро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. Китоб чанде пештар дар шаҳри Тошканд ба сифати аъло, ороишоти ҷолиб рӯйи чоп омадааст. 

 Аз саҳифаҳои дўстии бузург

 Ҳамчуноне, ки Мирзо Турсунзода гуфтааст, халқҳои  тоҷик ва ўзбек шабеҳи ду тори як дутор ҳастанд. Дўстии ин  ду халқ  азалист.

 Дўстии  Алишер  Навоӣ  ва  Абдурраҳмони  Ҷомӣ  дар  китоби дўстии ибратангези халқҳои ўзбек ва тоҷик, ки   тавъам дар як сарзамин камол ёфтаанд, саҳифаҳои  дурахшоне  ба  шумор  меравад. Ин  дўстӣ  тимсоли  дўстии  халқҳои  ўзбек  ва  тоҷик мебошад,  ки  онҳоро  аслан  аз  як  гил  сириштаанд,  асрҳои  аср  ҳамнафасона  умр  ба  сар  бурдаанд,  роҳату  машаққат,  талхиву  ширинии  зиндагиро   қисмат  кардаанд, бар зидди истилогарон  ва  сохти  мустабид  якҷоя  мубориза бурдаанд,  адабиёту  санъат,  касбу  ҳунарро  якҷоя  рушду  камол  додаанд. Навоии  бузург  дар  достони  «Фарҳод  ва  Ширин»  дўстии Фарҳод  ва  Шопурро  ҳамду сано гуфта, гўё ба ин васила дўстии  худро  бо  Абдурраҳмони  Ҷомӣ дар  дар  сари  ҳар  сатр  зикр  мекунад,  ба  ин дўстӣ  аз  сухан  муҷассамае  месозад.

 Ҷомӣ ва Навоӣ аз  рўзҳои  нахустини  ошноӣ  то  нафаси  вопасин  дар  ҳама  кор  ҳамдаст,  ҳаммаслак  ва  ҳаммаслиҳат буданд. Онҳо дар  як мавзўъ  асарҳо  навиштаанд,  ба  якдигар  мавзўҳо пешниҳод кардаанд, масоили умумии хоси  адабиёти  даври худро муҳокима намуданд, пояи онро якҷоя  бардоштанд, ҳамдигарро шавқманд  карданд  ва  ба  ҳамдигар  ёрӣ  расондаанд.

 Навоӣ  дар  муқаддима  ва  хотимаи  достонҳои  «Хамса»  дар  васфи  Ҷомӣ фаслҳои хосе иншо кардааст, фазлу  камоли  устоди худро ба қалам овардааст, мадади ў, илтифот,  маслиҳат  ва  устодии  ўро  гарму  ҷўшон  тараннум  кардааст.

 Нуқтаи  назар,  дарки  нафосат ва  идроки  адабии  Ҷомӣ  ва  Навоӣ  дар  як  поя  қарор  ёфта  буд. Онҳо  адабиётро  воситаи  пайванди  ҷаҳонбинӣ  ва  хизмати  халқ  мешумориданд, завқу  табъи  якранг  доштанд,  ин  ҳол  дўстии  ду  шахсияти  бузургро  боз   ҳам  амиқтар  месохт.

 Дўстии  Ҷомӣ  ва  Навоӣ  тимсоли  ҷолиби  бародарӣ,  рафоқат,  самимият  ва  пайвандшавии  ду  халқ  аст.

 Дар  рушду  камоли  адабиёти  форсу  тоҷики  асри  XV  саҳми  Алишери  Навоӣ  низ  кам  нест. Вай  ҳамчун  ва  арбоби  барҷастаи  давлат  низ  ба  илму  фан,  санъату  адабиёт  сарпарасти  кард,  ба  бисёр  ҷавонон  аз  ҷумла,  ба  шоири  боистеъдоди  тоҷик  Аҳлии  Шерозӣ,  Хондамири  муаррих,  Камолиддини  Беҳзоди  наққош  ҳамият  ва  ҳимоят  зоҳир  намуд.

Ғайр  аз  ин,  як  қисмати  фаъолияти  илмию  шеърияти  худро  ба  назми  форсу  тоҷик  бахшид. Дар  ин  бобат  алалхусус  «Муҳокимат  ул-луғатайн»,  ки  бо  забонҳои  ўзбекию  тоҷикиро  қиёсан  меомўзад,  хазинаи  хоси  ҳарду  забонро  тадқиқ  мекунад,  «Маҷолис ун-нафоис»,  ки  оид  ба  шуарои  асри  XV-и тоҷик  маълумоти  бебаҳо  медиҳад,  мақоми  хосе  доранд. Навоӣ  бо  «Девони Фонӣ»  низ  хизмати  хосеро  ба  ривоҷи  шеъри  форсу  тоҷик  адо  кард. Ғазалҳои  форсию  тоҷикии  Навоӣ  ҳамчун  дурдонаҳо  дар  хазинаи  назм  ҷой  гирифтаанд.

Абдураҳмони  Ҷомӣ  ва  Алишер  Навоӣ  дар  ҳамдастӣ  адабиёти  форсу  тоҷикро  қадру  манзалати  тозае  бахшиданд. Ҳар  ду  дар  жанрҳои  рангоранги  адабиёт  маҳорати  худро  зоҳир  карданд, мавқеи  устувор  гирифтаанд. Мероси  назмию  насрии  ҳарду  басе  мустағанӣ   ва  рангоранг  аст.

Чун  сухан  дар  бораи  дўстии Ҷомию  Навоӣ  меравад,  боз  як  ҷиҳати  ин  дўстиро  қайд  кардан  мебояд: бисёр  асарҳои  Навоӣ  бо  илқои  Ҷомӣ  иншо  гардидаст. Ҷомӣ  ба  навиштани  онҳо  ё  дастур  додааст,  ё  фотиҳаи  хайр. Як  қатор  асарҳои  Абдурраҳмони  Ҷомӣ  бошад,  бо  дархости  Навоӣ,  ё  ба  туфайли  ниёзи  ў  ба  қалам  омадаанд.

Дўстии  онҳо  фақат  дар  ҳамдастии  адабӣ  зуҳур  намеёбад,  балки дар  кори  давлатии  Навоӣ  низ  ҷилоҳои  гуногун  медод  ва  ин  ҳол  то  вафоти  Ҷомӣ  идома  дошт.

Алишер Навоӣ  баъди  фавти  ин  зоти  бузург  ҳам  аз  устод,  ҳам  аз  ҳамрози  самимӣ  ва  дўсти  қаринтарини  худ  маҳрум  шуд. Ин  ҷудоӣ  дили  ҳассоси  Навоиро  реш-реш  кард. Вай  барҳак  гуфта  буд:

 

       Гар  ба  афлок  расид  навҳаи  мотамзадагон,

       Мани  мотамзадаро  кор  вале  сангин  аст.

 

Садриддин  Айнӣ  қайд  мекунад,  ки марсияи Навоӣ  дар фавти  Ҷомӣ  аз  марсияҳои дилгудозтарин  ба  шумор ба шумор меравад, онро наттоқи машҳури Ҳирот Ҳусайн Воиз ба тамоми халоиқ аз сари минбар қироат карда буд.

  Дўстие, ки Ҷомӣ ва Навоӣ ана ҳамин гуна пояи мустаҳкам гузошта буданд, ба баъдина намунаи ибрат гардид ва ба ҳамкории адабиётҳои мо хизмат кард. Суханварони баъдинаи тоҷик аз қабили Хоҷа Осафӣ, Амир Шайх Суҳайлӣ, Дарвеш Нозуӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ , Камолиддин Биноӣ, Асирӣ, Фахрии Рўмонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Садриддини Айнӣ ва адибони ўзбек Амирӣ, Яқинӣ, Машраб, Нодирбегим, Анбар Отун, Дилшоди Барно, Муқимӣ, Фурқат, Завқӣ, Ҳамза, Фитрат анъанаҳои зуллисонайниро идома доданд, ҳамдастию ҳамкориро ба пардаҳои баланд бардоштанд, ҷилои нав бахшиданд. Ин ҳамдастию ҳамкорӣ алҳол низ чӣ дар адабиёт ва чи дар дигар ҷодаҳои рўзгори халқҳои тоҷику ўзбек решаҳои нав пайдо мекунад.

Дўстони азиз, шумо тавассути ин китоб, ки тўёнаест ба ҷашни 604 –солагии зодрўзи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо ҳуҷҷаҳои ана ҳамин дўстӣ шинос мешавед.

Шоислом Шомуҳаммедов

Тарҷумон: Ҷонибек Қувноқ         

Таҳияи Фарзонаи МИРЗО