Ҳамин лаҳзаҳо аввалин довталаб дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” ба саҳна омад. Ӯ Шоина Мабатқадамова, хонандаи синфи 7 аз ВМКБ аст. Дар озмуни вилоятӣ соҳиби 100 хол шудаву ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Ӯ бо як лаҳни хушу садои ҷаззоб шеърхонӣ дорад.
Гуфтанист, ки дар ин номинатсия аз ВМКБ се нафар ширкат мекунанд. Дуюмӣ Зулфияи Сайёд, хонандаи синфи ҳафт, ки дар вилоят соҳиби 92 хол шудааст ва Азорабеки Ошурбек, хонандаи синфи 6, ки соҳиби 85 хол шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки 267 нафар довталаб аз рӯйи 5 номинатсияи озмун ширкат меварзанд. Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеъи марказ ва 56 нафар аз шаҳри Душанбе.
Теъдоди довталабон дар муқоиса бо соли гузашта 130 нафар зиёдтар аст.
Фарзонаи Мирзо