Маҳфили “Ҳамешабаҳор” бо ширкати Қурбоналӣ Раҳмон
Нашр шуд 2017-10-27 13:24
Дирӯз баъд аз зӯҳр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маҳфили “Ҳамешабаҳор” бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии нашрияи Пайрав тибқи нақшаи фаъолияти Намоишгоҳи VII уми байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор гардид.
Мавзуъи маҳфил ин бор “Баҳори Умари Хайём” буд, ки бо ширкати Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон басо хубу хотирмон ва диданиву шуниданӣ гузашт.
Маҳфил як базми шеъру тарона ва рақсу мутоибаву саволу ҷавобҳо буд.
Меҳвари маҳфил ашъори Умари Хайём буд ва ҳам шеърхониҳову викторинаҳо, байтбараку суолу ҷавобҳо ва ҳам таронаҳои Қурбоналӣ Раҳмон танҳо аз ашъори ин шоири бузург интихоб шуданд.
Маҳфил чун ҳамеша аз ҳафт равза: Афрўза, (Ганҷи китоб), Афроза (шоҳбайтхонӣ), Афшина (Зарбулмасалу мақол), Афшона (танзу ширингуфторӣ), Андеша (Чистону муаммо), Ангеза (Байтбарак), Ангора (тафсири як шоҳбайт) иборат буда, барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ аз қабили телефони мобилӣ супорида шуд.
Дар саволу ҷавобу байтбарак ва танзу ширингуфториҳо Мунаввара Рӯзиева хонандаи мактаби № 140 ноҳияи Рудакӣ, Комрони Аслон, хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж”, шоири ҷавон Кӯҳзоди Фатҳулло ғолиб омаданд ва соҳиби телефонҳои мобилӣ гардиданд.
Шоҳҷоиза бошад насиби Саидов Саидҷалол як нафар нафақахӯри кишвар гардид.
Маҳфил, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ширкати густардаи ҳаводорони каломи бадеъ.
Фарзонаи МИРЗО