Хонанда: Дар Китобхона ба маъюбон ҳам ғамхорӣ мекунанд

Хонандагони Китобхонаи миллӣ бар ин назаранд, ки ҳар қадар меоянду мераванд, чизҳоеро дар ин боргоҳи маърифат кашф мекунанд, ки барояшон хеле ҷолиб аст. Аз ҷумла, устоди Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе Хуршед Казаков дар суҳбат иброз дошт, ки мавҷудияти шуъбаи махсус барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд баёнгари он нукта аст, ки роҳбарияти Китобхона ғамхорӣ дар ҳақи маъюбонро дар увлавият қарор додааст. Дар ин Шуъба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд на танҳо китоб мехонанд, балки дар маҳфилҳо ширкати фаъолона доранд.

Суҳбати ин ҳафтаинаи мо бо се тан аз Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Дугшанбе буд, ки ҳоло пешкаш мешавад.

Шаҳноза Ярбабаева: донишҷўи Коллеҷи тибби иҷтимои шаҳри Душанбе:

- Ман бори аввал аст, ки ба Китобхонаи миллӣ  меоям ва ҳар боре, ки онро аз тариқи телевизион медидам, дар борааш мешунидам, маро низ ҳаваси инҷо омадану мисли хонандагони ин ҷо будан пайдо мешуд.  Шӯруъ аз моҳи сентябр мехостам ба Китобхона ояму аз ганҷинаи нодири Китобхона истифода намоям. Мана чи тавре, ки мебинед имрўз ба ман муясар шуд, аъзогии комилҳуқуқи Китобхонаи  миллиро дошта бошам. Кунун метавонам аз он шуъбаҳое, ки барои ман иртибот дорад, ройгон истифода намоям.

Ман худамро хушбахт меҳисобам, ки аз чунин шароиту имкониятҳои барҳавои  Китобхонаи миллии Тоҷикистон истифода хоҳам намуд. Чун ман донишҷўи колеҷи тибби мебошам, бароям бештар толори тиб писанд омад. Акнун ман метавонам аз он китобҳое, ки ба ман лозим аст ва дер боз дар ҷустуҷўяшон будам, бемалол истифода намоям.

Казаков Хуршед Зувайдович мудири кафедраи стаматологии Коллеҷи тиббӣ-иҷтимои шаҳри Душанбе:

- Бори дувум аст, ки донишҷўёни коллеҷи тиббиро барои аъзо шудан ба Китобхона меорам ва хело хушҳолам, ки имрўзҳо донишҷўёни мо зиёд талабгори илм астанд ва чун ин бинои пуршукуҳ маҳз барои донишомӯзӣ сохта шудааст, онҳоро месазад аз ин ганҷинаи бебаҳо истифода намуда, савияи дониши худро баланд бардоранд.

Диққати моро бештар Шуъбаи хизматрасонии махсус ба худ кашид. Ин шуъба ба маъюбон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд хизмат мерасонад. Мебинам, ки роҳбарияти китобхона ин ниёзҳои ин қишри ҷомеаро ҳам ба назар гирифтааст ва инро ғайр аз ғамхорӣ  бо ин афрод дигар хел номидан мумкин нест. Ва гумон мекунам ин иҷрои дастуру фармиоиши Пешвои миллат аст, ки ғамхорӣ дар ҳақи маъюбонро ҳамеша талаб мекунанд. 

Ин шуъба барои ин гуна афрод боз маҳфилҳо ташкил кардааст, ки хеле шавқовар мегузарад. Тасаввур намоед, ки як маъюб бо он ки шеър менависад, бос имкону минбаре ҳам дорад, ки онро мехонад, ӯро гӯш мекунанд ва камукосташро ислоҳ ҳам мекунанд. Ин хеле хуб аст. Ва барои ман ин хеле писанд омад.

Беҳрӯз Махсудов, донишҷўи коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе:

- Ман яке аз хонандагони доимии Китобхонаи миллӣ мебошам. Китобхона хонаи дуюми мо донишҷўён гўем хато намекунем, чунки пас аз дарсҳои колеҷ ба анҷом расидан мо ба китобхона омада, зиёдии вақти худро дар ин ҷо мегузаронем. То имрўз он китобу маҷалаҳое, ки ба ман дар соҳаи тиб лозим буд,  бе ягон душворӣ дарёфт карда, мутолеа намудам ва ин гувоҳи он аст, ки хизматрасонӣ дар Китобхона хуб ба роҳ монда шудааст.

Таҳияи Моҳираи Раҷаб,
Шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ