Анҷоми боз ду давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2021-02-11 16:52
Як давраи омӯзишие, ки аз аввали моҳи феврал бо ибтикори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ барои сардорону муовинони шуъбаҳо, бахшҳо ва марказҳо оғоз шуда буд, ахиран ба поён расид. Ин давраи омӯзишии кутоҳмуддат “Таҳияи ҳуҷҷатнигорӣ” ном дошт. Омӯзгорон барои ин давраи омӯзишӣ аз Академияи идоракунии даввлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.
Тӯли чанд рӯзе, ки омӯзиш идома дошт, омўзгорон Додихудоев, Р.М. – мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯйи “КОРГУЗОРӢ ВА ҲУҶҶАТНИГОРӢ ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ”, Носиров М.С.- дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мавзӯйи “Услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ” ва Шарифов, Ш.- мудири кафедраи забонҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф. дар мавзӯйи “Риояи аломатҳои китобати забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ” ба шунавандагон дарс гузаштанд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорон дар раванди дарс бо истифода аз техналогияи муосир “Ироа” (Презентатсия”) ба шунавандагон дарс гузаштанд ва ба саволҳои онҳо бо далелҳои мушаххас посух гуфтанд.
Давраи омӯзишии дуюм бо номи «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» аз руйи барномаи таълимӣ барои китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҳаҷми 36 соат роҳандозӣ ва ҷамъбаст гардид. Шунавандагони омӯзиш кормандони китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» буданд.
Дар ин давраи омӯзишӣ устодон ва таҷрибадорони соҳаи китобдорӣ барномаи дарсиро бо усулҳои мусоир аз рўйи мавзӯъҳои «Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти китобхонаҳо», «Китобхонаи муосир: суннатҳо ва навгониҳо» ва дар қисмати тахассусӣ бошад «Назария ва амалияи фаъолияти китобхона», «Ташаккули фонди китобхона», «Сохтор ва ташкили дастгоҳи маълумотдиҳӣ-ҷустуҷўйи китобхона», «Хизматрасонии маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва иттилоотӣ», «Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ дар китобхона», «IT-технологияҳо дар китобхонаи муосир» ба роҳ монда, ҷиҳати аз худ намудани шунавандагон бо донишҳои назариявӣ ва малакаи амалии ташкили хизматрасонӣ дар китобхона, омўзиши равандҳои асосии технологии китобдорӣ, таъмини рушди касбии китобдорон дар заминаи технологияҳои китобдорӣ-иттилоотӣ вобаста ба талаботи нави касби китобдорӣ дарс гузаштанд.
Пас аз анҷоми омӯзиш шунавандагон соҳиби шаҳодатномаи хатм шуданд.
Исмоил Саидзода,
мутахассиси пешбари Маркази
такмили ихтисос.