Бойгонии электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зарфи як ҳафтаи охир бо 10 ҳазору 349 китоби электронии шаш донишгоҳ ва як нашриёти кишвар ғанӣ шуд. Ин китобҳо тибқи номаи Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода ба Вазири маориф ва ниҳодҳои интишоротии кишвар ворид шуданд.
Аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 ҳазрору 461 ва Донишгоҳи молия ва иқтисод 2 ҳазору 886 адад китобҳои электронии худро ба Китобхонаи миллӣ супурданд.
Аз Донишкадаи забонҳо 701, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 353, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 237 ва аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 204 адад китоби электронӣ ворид шудааст.
Хонандагон ҳамчунин метавонад 507 китоби электронии нашриёти “Адиб”-ро низ мутолиа кунанд.
Инҳо асосан китобҳое мебошанд, ки ин муассисаҳои илмиву таълимӣ зарфи чанд соли охир чоп кардаанд ва аксари онҳо китобҳои илмӣ, таълимӣ, дарсӣ, дастурҳои методӣ, рисолаҳои илмӣ, маҷмуъи лексияи устодони донишгоҳҳо дар мавзуъҳои мухталиф, рефератҳо ва ғайра мебошанд.
Ҳамаи ин китобҳо барои донишомӯзон ва устодони макотиби олии кишвар, муаллимони макотиби миёна ва умуман касоне, ки машғули омӯзишҳои илмиву корҳои пажуҳишианд, муфид мебошанд.