ПАЖӮҲИШ: Кай ва чанд китоб бояд хонд?
Абӯалӣ ибни Сино роҷеъ ба истифодаи китобхонаи дарбории дарбори Сомониён дар «Рисолаи саргузашт»-аш ривоят кардааст: «Пас чун дохил гаштам, чандин хона дидам, дар ҳар хона чандин сандуқ, болои якдигар чида. Як хона кутуби адабиёт ва шеър, дигар фикҳ, дигари кутуби ҳадис ва ҳамчунин, ҳар илмеро хонае ҷудогона буд. Пас, феҳристи кутиби кудаморо ба назар даровардам ва он чи аз онҳо мехостам бардоштам ва бисёр китоб ёфтам, ки аксари мардум номи онҳо нашунида буданд. Ва ман ҳам қабл аз он надида будам. Ва баъд аз он ҳам назди касе надидам. Пас, маҷмӯи он кутубро хондам ва бар фавоиди онҳо зафар ёфтам. Ва мартабаи ҳар мардум ва бар фавоиди онҳо зафар ёфтам, мартабаи ҳар мардум ва ҳар илм маро маълум гардид».
*** *** ***
Усулҳои китобхонӣ гуногунанд. Ҳар кас мувофиқи қобилият, шуурнокӣ бо таври худ китоб мехонад. Варақгардонидани китоб, тамошо кардани суратҳои вай, пароканда, хомӯшона, бо овози баланд, оҳиста-оҳиста ва бо суръату равон хондани китоб амсоли китобхонианд.
Китобхонӣ аслан овони кӯдакӣ шурӯъ мешавад. Ин айём кӯдак ҳуруфҳоро дарк карда натавонад ҳам суратҳои китоб ба вай шавқу завқ мебахшад. Ба китоб майлу ҳавас пайдо мекунад. Бисёр кӯдакон синни шаш-ҳафт солагӣ китобхон мешаванд ва аз ҳамин давр сар карда онҳо мухлисони китоб шуда мемонанд.
Агар аз хусуси китобхонон сухан биронем, бояд бигӯем, ки одам аз синни даҳсолагӣ сар карда, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 50 сафҳа китоб бихонад, пас вай дар зарфи сол 18250 сафҳа ва дар тӯли 60 сол умр (агар умри миёнаи одам 70 сол бошад) 1095000 сафҳа китоб хонда метавонад. Ин рақам такрибан 3650 нусха китобро ташкил медиҳад.
Масъалаи китобхонии мунтазам диққати библиографии машҳур Н.А.Рубакинро ҳам ҷалб карда буд. Н.А.Рубакин китобхонии мунтазамро ба ҳисоб гирифта, вақт ва меъёри онро муайян кардааст. Ӯ аз рӯйи таҳқиқотҳояш гуфтааст: «Ҳар кас барои китобхонӣ рӯзҳои ғайри истироҳат як соатӣ, рӯзҳои якшанбе се соатӣ вақт ҷудо карда метавонад. Бо ҳамин тартибу низом рӯзҳои ғайри якшанбе як соатӣ 131 соат, 52 рӯзи якшанбе се соатӣ 156 соат ва ҷамъ дар зарфи сол 469 соати китобхонӣ ҳосил мешавад…»
Дигаре китобхониро ин тавр тасаввур кардааст:
«Агар ҳар ҳафта шаш рӯзи, ҳар рӯз ҳашт соатӣ ва барои қироати як сафҳа шаш дақиқа вақт масраф бишавад, пас барои қироати як миллион сафҳа китоб чиҳил сол лозим аст».
Китобхонии мунтазам албатта одати хуб аст. Лекин китобхононе ҳам ҳастанд, ки як хона китоб бихонанд, чизе бар ёдашон намонад. Дар ин миён гапу хаёлотест, танҳо «Китобхонӣ барои дам гирифтан ва на аз худ кардани матни он, аз ҷониби дигар зеҳни бурро». Зумраи дигар матни китобҳои хондаашонро дар хотир нигоҳ медоранд. Ва дониши зам кардаашонро дар ҳаёт истифода мебаранд.
Алломаҳои гузашта қадру қимати китобро аз ҳама болотар медонистанд. Дар ин ҷода донишу умри худро масраф кардаанд.
Дар тарҷумаи ҳоли Абӯалӣ Ибни Сино нақле аз диди китобхонаи амири Бухоро баёни мухтасар ёфтааст. Соли 995-уми милодӣ амири Бухоро Нӯҳ ибни Мансур бемор мешавад. Табибони номдори Бухоро аз зумра омўзгори Абӯалӣ ибни Сино, Абумансури Қамарӣ ҳам илоҷи табобати амирро намеёбанд. Азбаски овозаи табиби ҳафтдаҳсола Абӯалӣ ибни Сино паҳн шуда буд, табиби ҷавонро ба дарбори амир оварданд. Абӯалӣ ибни Сино амири беморро муоина кард. Дарди ӯро муайян кард. Пас, шабона ӯ дорую дармони лозимиро тайёр сохт. Фардои рӯзи дигар ба муолиҷаи амир шурӯъ намуд. Ба бемор дору хуронд. Бо ҳамин дард рафта-рафта сабук шуд. Амир шифо ёфт. Акнун гап дар бораи ҳаққи хизмат бирафт. Амир Нӯҳ ибни Мансур аз Абӯалӣ ибни Сино пурсид, ки барои хизматаш чӣ инъоме мехоҳад? Абӯалӣ ибни Сино на давлат хосту на савлат. Хоҳиш кард, ки ӯро барои истифода ба китобхонаи дарборӣ рухсат бидиҳанд.
Амир инъоми ғайри чашмдоштро шунид. Қадре андеша кард. Зеро аз китобхонаи дарборӣ фақат амир ва наздикони ӯ баҳравар буданд. Бо вуҷуди ин, амир хоҳишу матлаби шифобахши худро бишкаста натавонист.
Абӯалӣ ибни Сино роҷеъ ба истифодаи китобхонаи дарбории дарбори Сомониён дар «Рисолаи саргузашт»-аш ривоят кардааст:
«Пас чун дохил гаштам, чандин хона дидам, дар ҳар хона чандин сандуқ, болои якдигар чида. Як хона кутуби адабиёт ва шеър, дигар фикҳ, дигари кутуби ҳадис ва ҳамчунин, ҳар илмеро хонае ҷудогона буд. Пас, феҳристи кутиби кудаморо ба назар даровардам ва он чи аз онҳо мехостам бардоштам ва бисёр китоб ёфтам, ки аксари мардум номи онҳо нашунида буданд. Ва ман ҳам қабл аз он надида будам. Ва баъд аз он ҳам назди касе надидам. Пас, маҷмӯи он кутубро хондам ва бар фавоиди онҳо зафар ёфтам. Ва мартабаи ҳар мардум ва бар фавоиди онҳо зафар ёфтам, мартабаи ҳар мардум ва ҳар илм маро маълум гардид».
Назар Баҳрулло ,
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.