Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз КИТОБҲОИ АЗИМ
Нашр шуд 2020-11-04 09:29
Китоби «Таърихи нимкураи ҷанубӣ» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба табъ расида буд. Дарозиаш 2 метру 8 сантиметр ва вазнаш 225 килограм аст. Ибтидои садаи ХХ ҷаноби амрикоӣ, насабаш маҷорӣ (венгерӣ) Лайош Райнай ба ёрии литери махсуси резинӣ ва дастгоҳи ченкунии оддӣ «Таврот»-и муқаддасро ки баландиаш 3 метр, ҳаҷмаш 8000 саҳифа, вазнаш 500 килограм буд, чоп кард. Қатъи назар аз овозаҳо Лайош китобро фурўхта натавонист. Тақдири ин китоби азим номаълум монд.
*** *** ***
Дар намоишгҳи шаҳри Тулузи Фаронса китоберо ба намоиш гузошта буданд, ки дарозии он 4 метр, бараш 3 метр ва вазнаш ба ҳашт тонна мерасид. Китоби мазкур 30 ҳазор саҳифа дорад. Онро матбааи «Правда» ба истиқболи 150-солагии таъсисаш тайёр карда буд.
*** *** ***
Дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Нью-Йорк китобе маҳфуз аст, ки баландии вай се метр ва ғафсияш як метр аст. Вазнаш ба 125 сентнер мерасад. Варақаҳои онро ба ёрии дастгоҳи махсуси барқӣ задан мумкин аст.
*** *** ***
Калонтарин маҷмўаи бисёрҷилда дар ҷаҳон «Ҳуҷҷатҳои парламенти Британия» (солҳои 1800-1900) мебошад. Маҷмўаро донишгоҳи Ирландия байни солҳои ( 1968-1972) чоп кардааст. Маҷмўаи 1112 ҷилдро дар бар мегирад. Вазнаш 3640 килограм аст. Агар кас ҳар рўз 10 соатӣ ин маҷмўаро бихонад, пас шаш сол барои қироаташ лозим аст. Барои саҳҳофии муқоваи маҷмўа пўсти 34 ҳазор бузи ҳиндуӣ ва барои нақшу нигори муқова ба қадри 22 миллион доллар тилло масраф шудааст. Адади нашри умумии маҷмўа 500 нусха мебошад.
*** *** ***
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробари анҷоми ҷанги гражданӣ (солҳои 1861-1865) бо амри Конгресс нисбати ин ҷанг ҳисобот тайёр карда, онро интишор карданд. Ҳисобот 130 ҷилд ва ҳар ҷилд ҳазор саҳифаро ташкил намуд. Теъдоди нашри ҷилдҳои ҳисобот 12600 нусха ва нархи нашрия 2,5 миллион доллар буд. Аз ин маблағ нисфаш ҳаққи қалам ва боқимондааш барои нашраш масраф шуд.
*** *** ***
Қомуси «Ту-Шу-Цзи-Чен» ҳаҷман қомуси бузургтарини дунё мебошад. Вай дар Чин солҳои 1663-1723 интишор гардида буд. Қомуси мазкур 5163 ҷилдро дар бар мегирад. Ҳамаи ҷилдҳои вай аз 853456 саҳифа иборат аст.
*** *** ***
Қомуси дигаре бо унвони «Юнгло-Та-Тиен» машҳур мебошад. Вай ҳам дар Чин интишор гардидааст ва то ҳанўз ягон ҷилдаш боқӣ намондааст. Ин қомуси азиму нодир дар натиҷаи вуқўи шўриши муштзанони солҳои 1899-1901 нест шудааст.
*** *** ***
Хабар дода буданд, ки охирҳои моҳи марти соли 1989 нашриёти шаҳри Оксфорд (Англия) луғати бисёрҷилдаи забони англисиро дар ҳаҷми 22 ҳазор саҳифа интишор месозад. Андозаи вазни луғат 62,5 килограм буда, 616500 калимаро дар бар мегирад . Дар вай 2412400 иқтибос оварда шудааст.
*** *** ***
Солҳои 1967-1977 нашриёти «Художественная литература" силсилаи «Китобхонаи адабиёти умумиҷаҳонӣ"-ро дар 200 ҷилд бо адади 60 миллион нусха интишор карда буд. Дар ҳамаи ҷилдҳои ин нашрияи бузург 25800 асари 3235 нафар нависандагони 80 мамлакати ҷаҳон, аз давраҳои қадим то рўзҳои мо. интишор ёфтаанд. Ба гуруҳи якуми вай 64 ҷилд адабиёти садаи Х1Х ва гурўҳи дигараш 73 ҷилд адабиёти садаиХХ дохил гардидаанд. Соли 1978 ҷилди 201-уми «Китобхонаи адабиёти умумиҷаҳонӣ» аз чоп баромад, ки он тасвироти библиографии 200 ҷилд, нишондиҳандаи алифбоии номи муалифон, нишондиҳандаи алифбоии номи рассомоне,ки дар ҳамаи ҷилдҳо 3500 сурат ва тасвироти онҳо ҷой гирифтаанд, дар бар мегирад.
Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.
Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи
илмӣ ва тадқиқотӣ.