Маҳфили “Ахтари ҳунар” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-03-04 09:17
Баъд аз зӯҳри дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Ахтари ҳунар” бахшида ба гиромидошти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев доир гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо сухани муқаддимавӣ ҳозиронро хайрамақдам гуфт. Директори Китобхонаи миллӣ аз Акашариф Ҷӯраев ба унвони устураи фарҳангу ҳунари тоҷик ном бурд ва саҳми ӯро дар рушди мусиқии классикии тоҷик арзанда арзёбӣ намуд.
Директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Каромататулло Раҳимов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ ва Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Ҷӯрабек Назрӣ, Директори маркази миллии мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соҳиб Бегматов аз фаъолияти пурсамар, нотакрор ва неки Акашариф Ҷӯраев ёдоварӣ намуданд.
Дар охир Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Исмоил Назрӣ бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.
Ёдовар бояд шуд, Акашариф Ҷӯраев, 3 марти соли 1894 дар пойтахти шоҳигарии Дарвоз – Калъаи Хум дар оилаи деҳкон таваллуд ёфта, 2 – уми октябри соли 1966 дар синни 72-солаӣ аз олам рафт.
Ҳаёт ва эҷодиёти санъаткори номӣ Акашариф Ҷўраев бо фолклори мусиқии Дарвоз, Хисор, Қаротоғ, Ҳоит, Тоҷикобод ва ғайра зич алоқаманд аст. Ў ба як қатор сурудҳои дар асоси фолклори халқ эҷодкардаи худ обуранги тоза, шаклу ибораҳои замонавӣ дохил намуда, дар рушди мусиқии халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҳамин сабаб ҳам халқ ўро на фақат ҳамчун ҳофиз, балки оҳангсози мумтозу давомдиҳандаи мусиқии қадимаи халқи худ дўст медорад.
Акашариф Ҷўраев ҳанўз дар хурдсолӣ дар навохтани думбраю дутор шавқу ҳавас пайдо мекунад. Баъдҳо дар синни 10 солагӣ аз Иззатшо ном хизматчии маъмурияти ҳамон давра, ки хеле санъатдўсту марди соҳибистеъдод буд, чанд суруду наво меомўзад.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави МИЛОД
Дар бораи Акашариф Ҷӯраев дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ин матолибро низ метавонед мутолиа намоед:
Ту хомӯшӣ, намехонӣ, вале танбӯри ту гӯёст... САДУ БИСТУШАШ СОЛ МУҚАДДАМ...