Гулназар Келдӣ меҳмони маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб”
Нашр шуд 2016-08-18 19:48
Қабл аз зуҳри 18 - уми августи соли равон дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” баргузор шуд, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва овозхони маъруфи кишвар Шўҳрат Сайнаков ширкат карданд. Ин чорабинӣ ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ доир шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар суханони ифтитоҳии худ зимни арзи чанд нукта аз Истиқлолият ва баргузории силсилачорабиниҳо ба ин муносибат, дар бораи адиби маъруф, меҳмони олиқадри ин маҳфил ҳарф зад. Сайфиддин Назарзода аз Гулназар Келдӣ ба унвони шоири таронасарои ваҳдату Истиқлолият ёд кард ва гуфт Суруди миллии мо самараи ҳамин муҳаббати шоири маъруф ба Ватан ва миллат аст. Суруде, ки аллакай дар қалби миллионҳо сокинони кишвар маъво дорад.
Вай унвону ҷоизаҳои адиби барумандро баршумурд: Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода.
Устод Гулназар Келдӣ дар суханронии худ Истиқлолро беҳтарин дастоварди миллат номид ва гуфт: “Шумо ҷавонон, ки ояндаи ин сарзамин мебошед, бояд ҳар яки шумо ин сарзаминро сидқан дўст дореду онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намоед. Ҳеҷ каси бегона омада кишвари шуморо обод нахоҳад кард. Ватани шумо хонаи шумост. Ба ҳамин хотир, бояд ҳар порчаи ин сарзаминро самимона дўст дореду ба қадри ин сарзамин бирасед”.
Дар маҳфил баҳси гарме дар мавзуъи рӯз, шеъру шоирӣ, суруду тарона, имрӯзу дирӯзи адабиёт сурат гирифт ва маҳфилоро Гулназар Келдӣ ба ҳама саволҳои ҳозирон посух дод.
Шоири маҳбуб, Гулназар Келдӣ 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи дурдасти кўҳистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи №4 ба номи Надежда Константиновна Крупская (ҳоло ба номи Пирмуҳаммад Бойматов)-и деҳаро бо нишони тилло хатм намуд.
Баъд аз хатми мактаб ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДДМТ) таҳсил намуда, дипломи аълоро сазовор гардид.
Эҷодиёти ў бисёрҷабҳа буда, намудҳои гуногуни адабиро дар бар мегирад.
Аз китобҳои бачагона сар карда, то шеъру достонҳо барои калонсолон, аз мақолаву тадқиқоти адабӣ то ҳикояву қиссаҳо, филмномаву пйесаҳо сарвати эҷодии ў мебошанд. Вай ҳамчун эҷодкори фаъол ва ҷўяндаву гўянда дар ҳама намудҳои суннатӣ ва шеъри нав ҳунарнамоӣ кардааст.
Гулназар дар офариниши ғазал, маснавӣ, қитъа, рубоиву дубайтӣ муваффақ шудааст. Китоби рубоиву дубайтҳои ў ба номи «Табхола» (1992) дар байни хонандагон машҳур аст. Аз миѐни шеърҳои озоду сафеду нимоӣ ва чаҳорпорагии ў метавон намунаҳои беҳтаринро пайдо кард.
Ў аввалин шоирест, ки дар бораи шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ китоби таҳти унвони «Лоиқи чун Лоиқе» навиштааст.
Мачмўаҳои ашъори шоир «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Паи дарё» (1987), «Чашми нигин» (1988), «Табхола» (1992), «Гунҷишки наққош» (2007), «Баёзи адабиёти асри бисти тоҷик» (2007), «Гули афшони олуча» (2010), «Оғўши саршор» (2011), «Калоба» (2012) ва ғайраҳо дар дилу дидаи хонандагон ҷой ёфтаанд.