Қадршиносии 15 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Дар «Рўзи китоб» ва остонаи Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурҳ кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ соҳиби  нишони «Аълочии фарҳанг», «Аълочии матбуот» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуданд.

Аз ҷумла, бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мусоев Юлчмбой Нарбаевич - муовини сардори маркази такмили ихтисос, Ҷўраева Бибираъно Минтуллоевна  - сардори шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ шарафёб гардиданд.

Бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҳмудов Гадобек Буриевич  - муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Раҷабова Салима Советовна  - муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Яқубова Фотима  Нуруллоевна - сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ қадр шуданд.

Даҳ нафар, аз ҷумла: Ғафуров Мамадназар Музофирбекович-сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ, Абдуллоев Шайдоӣ Бобокалонович - сардори шуъбаи феҳристнигорӣ, Орумбекова Мавзуна Шамсиддиновна - сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон, Саидов Зафар Саидҳошимович - сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, Салимова Қурбонбӣ Шарифовна -   муовини сардори шуъбаи коркарди адабиёт, Шикорбекова Шаҳло Соқибековна муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ, Каримова Парвина - Сафаровна муовини сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддинова Сайрам Ғайратовна - муовини сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, Сатторова Гулчеҳрамоҳ Ғафоровна - сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт, Назаров Шоҳбидин Ятимович - мутахассиси пешбари бахши таъмир ва тармими ҳуҷчатҳо ва Мирзоева Фарзона  Мирзоевна - мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ сазовори  «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.

Ҳам корамонро ба ин муносибат муборакбод мекунем!