Академик Муҳаммад Лутфуллозода: Библиографияи монографии

Китобдори собиқадор Ҷӯрабой Раҷабов Библиографияи монорафии академик Лутфуллозодаро таҳия ва чоп кард. Ин китобнома зери назари доктори илмҳои педагогӣ,  академики Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон,  профессор Ф. Шарифзода интишор ёфт, муҳррири масъул доктори илмҳои педагогӣ,  профессор С. Сулаймонӣ мебошад.

Дар осорнома фаъолиятҳои илмии академик Муҳаммад Лутфуллозода  то 1 июни соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи воридгардида тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гарданд.

Дастур барои намуна дар таҳияи китобномаҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқон, талабагону донишҷўён муфид мебошад.

Библиографияи монографии  мазкур асарҳои илмӣ, таълимӣ, тарҷума, маводи таҳриркардаю тартибдодаи доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммад Лутфуллозода ва адабиёт роҷеъ ба рўзгор ва фаъолияти илмию пажўҳишии ўро дар бар мегирад.

Мақолаи муққаддимавӣ роҷеъ ба паҳлўҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажўҳишии анҷомдодаи ў иттилооти мушаххас медиҳад. Кулли маводи ба забонҳои тоҷикӣ ва русии ба табърасида бори нахуст дар ин китобнома ворид гардида, мавриди таҳқиқи муаллиф қарор гирифтаанд.

Унвони тамоми асарҳо ба забони асл ва тибқи стандарти пазируфта тасвир шудаанд. Мундариҷа ва муҳтавои асарҳои бузургҳаҷм ба таври мухтасар шаҳр дода шудаанд. Асарҳое, ки тавассути унвонашон дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои иттилоотӣ комил гардидаанд.

Матолиб дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо ва бо тартиби нави имлои алифбои тоҷикӣ тадвин гардидаанд. Барои дарёфти таъҷили мавод дар пёни китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо, мавзўӣ ва ашхос пешниҳод мешаванд.

Китобнома дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Хонаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгонии олим Муҳаммад Лутфуллозода тадвин гардидааст ва чеҳраи илмиву пажўҳишиӣ ва самараи фаъолияти педагогии ўро равшан намуда, ба муҳаққиқону мутахассисон ва донишҷўён кўмак хоҳад расонид.

Лозим ба ёдоварист, ки библиографияи монографии мазкур соли 2017 пурра гардида он манзури шумо дўсдорони фарҳанг гардидааст.

Ҷамшед Қурбонов, корманди
Маркази такмили ихтисос.

 

Барчаспҳо: