Баҳси хонаводаи солим ва миллати солим дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-11-01 18:11
Нимаи дуюми рӯз дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хонаводаи солим кафолати рушди миллати солим» бо иштироки мутахассисони аллерголог ва равоншинос баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани муқаддамотӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова ифтитоҳ кард.
Баъдан, суханрониҳои мудири кафедраи аллергия ва иммунологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи аллергия, доктори илми тиб, профессор Муҳаммад Ҷӯраев дар мавзӯи “Омилҳои пайдоиши аллергия дар шароити Китобхона”, доктори илми педагогика, профессор устоди кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нафиса Юнусова дар мавзӯи “Хушунат дар оила ва оқибатҳои он” шунида шуд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар мавзуъҳои мавриди суҳбат қароргирифта табодули афкор сурат гирифт.
Дар охир, аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Фарзонаи МИРЗО