Хулосаи библиографии чанд асари экспедитсионӣ
«Помир. Тоҷикистон. Осиёи Миёна» қимати баланди илмӣ дошта, ба олимон ва мутахассисоне, ки дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, доир ба илмҳои табиӣ, таърих, тиб, бостоншиносӣ ва ғайра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд, ҳамчун сарчашмаи боэътимод метавонад мавриди истифода карор гирад.
Миллати тоҷик ва сарзамини иқоматгоҳи он таъриху тамадуни куҳан дошта, борҳо аз ҷониби олимону таҳқиқотгарон ва институҳои илмии ҷаҳонӣ мавриди омўзишу таҳқиқ қарор гирифтаанд. Сарзамини Тоҷикистон чун биҳишти рўи замин, зебогиҳо ва бойгариҳои табиии фаровонро дар худ асрҳои аср нигоҳ доштааст. Аз аввали асри 19 Тоҷикистонро як марҳилаи комилан нави омўзишии илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби институтҳои илмӣ фаро мегирад, ки муҳтавои он корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар нашрҳияҳои махсуси илмӣ ба нашр расидаанд.
Яке аз чунин омўзишҳо солҳои 1932 то 1935 дар ҳудуди Осиёи Миёна аз ҷумла дар қаторкуҳҳо ва водиҳои Тоҷикистон бо пешниҳод ва сарварии Академияи фанҳои давлати Шуравӣ ба роҳ монда шуд. Натиҷагирӣ аз корҳои кофтуковӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, ки тўли ин солҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ба анҷом расидаанд, асосан ба соҳаи табиатшиносӣ илмҳои геология, кимиё, гидрология, физика, картография, ҷуғрофиё, паразитология, табиатшиносӣ ва этнографияву бостоншиносӣ бахшида будаанд, ки ҳамасола дар нашрияи махсуси Акадеамияи улуми Шўравӣ бо забони русӣ зери номҳои «Таджикская комплексная экспедиция» (1932) ва «Таджикско-Памирская экспедиция» ба нашр расиданд.
Бо ташабуси фаъолияти библиографии Академияи илмҳои Шўравӣ силсилаи дастури библиографи доир ба асарҳои экспедитсионӣ бо номи «Помир. Тоҷикистон. Осиёи Миёна» мураттаб гардид, ки соли 1936 аз ҷониби нашриёти махсуси Академияи илмҳои Итиҳоди Шўравӣ дар шаҳри Масква, зери таҳрирри А.О.Далавассера бо теъдоди 10 ҳазор нусха ба нашр расид. Мазмунан бо забони руссӣ ва хати крилӣ навишта шудааст.
Омўзиши таҳлилии асари мазкур маълум намуд, ки ин он ҳамчун хулосаи библиографии асарҳои илмии экспедистсионӣ буда, харкатери илмӣ дорад ва асосан барои олимону муҳақиқон ва мутахассисони махсуси соҳаи хоҷагии халқи мамлакт, таъин шудааст.
Асари «Помир. Тоҷикистон. Осиёи Миёна» аз мундариҷа ва чор боб «Асарҳои умумии экспедитсионӣ. Маҷмўаи ҳисоботи солҳои 1932 – 1935. Хулосаҳои илмии сарватҳои маъдании Осиёи Миёна»; «Асарҳои илмӣ ва асноди экспедитсияи Тоҷикистон-Помир (солҳои 1932-1935)»; «Дуюмин соли байналмилалии қутбӣ ва экспедитсияи Тоҷикистон-Помир»; «Бюрои картографии экспедитсия Тоҷикистон-Помир” иборат аст.
Дар қисмати аввали ин асар хулосаи библиографии 6 асари мукаммали илмӣ, ба монандӣ «Таджикская комплексная экспедиция» (1932); «Таджикско-Памирская экспедиция» (1933); «Таджикско-Памирская экспедиция» (1934); «Таджикско-Памирская экспедиция» (1935); «Научные итоги таджикско-памирской экспедиции»; «Минеральные богатства Средней Азии», яъне натиҷаи корҳои экспедитсионӣ, ки дар лабараторияи илмӣ коркард гардидаанд, оварда мешавад. Дар ин бахши таҳлилӣ ҳар як китоб бо ишораи номи китоб, ҷои нашр, соли нашр, миқдори саҳифа, ишораи расмдор будани китоби муарифишаванда ва нархи китоб (дар замони Шўравӣ) оварда шудааст (аммо дар инҷо аломатҳои тасвири библиографи дида намешаванд).
Ҳамчунин, мундариҷа, муълумоти мухтасар дар бораи ҳар як китоб оварда мешавад ва таъини хонандагии онҳо низ муайн гардида, пешниҳод шудааст, ки ҳамчун адабиёти тавсиявӣ кормандону таҳқиқгарони соҳаи илм метавонанд дар корҳои илмии хеш истифода намоянд.
Қисмати дигари ин асар «Асарҳои илмӣ ва асноди экспедитсияи Тоҷикистон-Помир” (1932-1935)» ном дошта, 97 нашри фишурдаи маводҳо дар мавзуҳои гуногунро муарифӣ менамояд. Инчунин, дар ин асар дар бораи бюрои картографии экспедитсияи ёдшуда, нашри нави харитаҳо ва атласҳо доир ба Осиёи Миёна ва Тоҷикистон маълумоти библиографи медиҳад.
Бояд хотирасон намуд, ки «Помир. Тоҷикистон. Осиёи Миёна» қимати баланди илмӣ дошта, ба олимон ва мутахассисоне, ки дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, доир ба илмҳои табиӣ, таърих, тиб, бостоншиносӣ ва ғайра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд, ҳамчун сарчашмаи боэътимод метавонад мавриди истифода карор гирад. Мутахассисони соҳаҳои зикр гардида барои ошнои пайдо кардан ва ё мутолиа намудани ин китоб метавонанд ба Китобхонаи миллии Тоҷиикстон, Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ муроҷиат намоянд.
Надиров Сайзароб, мутахассиси пешбари
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ