Омўзиш ва муаррифии осори таърихӣ, фарҳангӣ ва экспедитсионии Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар самти хадамоти китобдорӣ ҳифзу нигоҳдории асарҳои нодир ва иҷрои дархостҳои хонандагон нигаронида шудааст.
Айни замон дар махзани шуъба асарҳои нодир аз қабили хулоса ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба таърих, фарҳанг ва этнографияи Тоҷикистон, матбуоти даврии тоинқилобӣ, китобҳои хурдҳаҷму калонҳаҷм ва варақаҳои изографӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар маҷмуъ шумораи китобу маҷаллаҳои фонди шуъба 36, 767 нусхаро ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шуъба маводҳои аз солҳои 1700 то соли 2016-ум нашр шуда ҳифз карда мешаванд. Аз ҷумла китобҳои нодири то давраи Инқилоби Шуравӣ аз қабили «Страна безправия», «В забытой стране»-и Д.Н. Логофет, «Горная Бухара»-и В.И Липский, «Путешествие по Средний Азии» ва «Исломоведение»-и Н.П. Остроумов, «Бухорского ханства»-и Н. Ханыков ва ғайра.
Бояд қайд намуд, ки китобҳои дар боло зикршуда ва дигар осори экспедитсионии нодири шуъба то соли 2016 мавриди омўзиш ва муаррифӣ қарор нагирифта буданд. Соли 2016 бо дастури роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии осори илмии бахшида ба таърих, фарҳанг ва забони тоҷикон аз ҷониби кормандони шуъба оғоз карда шуд. Вобаста ба иҷрои супориши мазкур кормандони шуъба 38 адад китоби илмӣ-таърихии шуъбаро ба хонандагон тариқи сомонаи китобхона муаррифӣ намуданд, ки аксарияти онҳоро экспедитсияҳо доир ба таърих, фарҳанг ва забони тоҷикон ташкил медиҳанд.
Масалан яке аз чунин китобҳо китоби Андреев Михаил Степанович «Дар бораи Тоҷикистон» (По Таджикистану) мебошад. Ин асар бо забони русӣ буда, ҳамчун ҳисобот ё худ натиҷагирӣ аз корҳои экспедитсияи этнографии Тоҷикистон дар соли 1925 мебошад.
Дар мундариҷаи асар мақолаҳои худи М.С.Андреев ва дигар саёҳони рус оварда шуда, дар аввали китоб бошад ҳисоботи мухтасари роҳбари гуруҳи экспедитсионӣ М.С.Андреев дар бораи чигуна сурат гирифтани экспедитсия ва кадом минтақаҳои Тоҷикистон зери омўзиш қарор дода шудаанд, нашр гардидааст.
Дар мақолаҳои баъдина доир ба санъати мардумии тоҷикон, хусусан истифодаи чўб, ҳайкалҳои чўбин, истифодаи чўб дар ороиши манзил, тарзи зисту зиндагӣ ва анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба монанди либоспўшии занони тоҷик, хўрокҳои миллӣ, коркарду захираи шир ва омода намудани маҳсулотҳои ширӣ, маросимҳои динӣ аз қабили мушкилкушо, бибисешанбе ва ғайра маълумотҳо оварда шудааст. Муаллиф дар интиҳои китоб доир ба ривоятҳои мифологии тоҷикон маълумоти чолибе овардааст, ки чигунагии эътиқодоти мардуми тоҷикро доир ба афсонаю устураҳо равшан менамояд. Яке аз вижагии ин асар дар он аст, ки доир ба ҳар як мавзўъ аксҳо оварда шудааст, ки маълумотҳоро дақиқ намуда, хонандаро бо саҳифаи таърихи тоҷикон ошно месозад. Китоби «Дар бораи Тоҷикистон»-ро соли 1927 филиали Академияи фанҳои Шўравӣ дар шаҳри Тошканд «Ҷамъият доир ба омўзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронинажод берун аз сарҳади он» ҳамагӣ 350 нусха нашр намуда, айни замон танҳо се нусха аз он дар фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (зери рақамҳои 27 159, 292 446 ва 227 468) нигоҳдорӣ мешаванд.
Дигар асари илмие, ки мавриди омўзиш қарор дода шуд ин қисми аввали китоби «Маводҳо барои омўзиши лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Марказӣ» (Материалы для изучения наречия горних таджиков Центральной Азии) мебошад. Ин китоб соли 1900 дар шаҳри Маскав ба табъ расидааст, ки муаллифи он шарқшинос, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), директори Институти таърих, археология ва этнографияи АИТ, Семёнов Александр Александрович мебошад.
Китоби мазкур очерки граммматикӣ ва ёдгориҳои эҷодиёти халқ буда, дар он доир ба грамматика ва эҷодиёти шифоҳии тоҷикони қуҳистони Осиёи Миёна сухан меравад. Худи А. А. Семёнов дар сарсухани китоб менависад, ки очерк дар асоси саёҳати анҷомдодаи худи ў ва дигар саёҳони рус ба Осиёи Миёна дар соли 1898 ба табъ расида аст. Дар қисмати аввали китоби мазкур мухтасаран доир ба грамматикаи лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Миёна муълумот дода шуда, дар қисмати дуюми китоб 13 афсона бо лаҳҷа ва нақли мардуми Қаротегин ва Дарвоз оварда шудааст. Ҳар як афсона ба забони рўси тарҷума шуда, муаллиф расмҳои бардоштаи сайёҳони дар экспедитсия иштирокнамударо, ки бозгукунандаи ҳаёт ва зиндагии мардуми Қаротегин ва Дарвоз мебошанд, чоп намудааст, ки хеле ҷолиб мебошанд. Мутассифона, қисми дуюми ин китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид нагардидааст. Аммо дар махзани Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ду нусха аз қисми якуми асари мазкур (таҳти рақамҳои 875 914, 685 069) нигоҳдорӣ мешаванд.
Семёнов Александр Александрович дар сарсухани қисми якуми китоб мегўяд, ки қисми дуюми китоб ба чоп омода шуда истодааст ва дар он афсонаҳо ва луғатҳои боқимонда, ки аз Дарвоз ва Кулоб сабт шудаанд, ҷой дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки китоби мазкур бо алифбои қадимаи славянӣ навишта шуда, дар қисмати грамматикаи он калимот ва овозҳои тоҷикӣ ба алифбои форсӣ нишон дода шудаанд.
Китоби «Мавод барои омўзиши лаҳҷаи тоҷикони куҳистони Осиёи Марказӣ» метавонад барои забоншиносон, мардумшиносон ва фолклоршиносон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ хизмат намояд.
Ҳамчунин китоби дигаре аз Семёнов Александр Александрович (1873—1958) бо номи (Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза) «Тасвири этнографии Зарафшони куҳӣ, Қаротегин ва Дарвоз» мавриди омўзиши кормандони шуъба қарор гирифт. Ин асар соли 1903 дар шаҳри Москва аз чоп бароварда шуда буд. Китоб аз 112 саҳифаи матнӣ ва даҳ саҳифаи махсуси тасвирӣ иборат буда, матни китоб бо забони русӣ мебошад. Асари мазкур яке аз натиҷаҳои сафари экспедитсионии этнографии Семёнов Александр Александрович бо ҳамроҳиии Бобринский Алексей Александрович ба минтақаҳои куҳии Зарафшону Қаротегин ва Дарвоз дар соли 1898 мебошад. Китоб аз муқаддима ва ҳафт боб таркиб ёфта, дар он феҳристи ҷадвали расмҳо оварда шудааст. Дар боби аввали асар сухан дар бобати мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва мавзеъҳои таърихиву табиати ин минтақаҳо (Зарафшону Қаротегин ва Дарвоз) меравад. Бахши дигари китоб «Тоҷикони куҳистонӣ» ном дошта, муаллиф кушидааст доир ба маънии калимаи тоҷик бо ишора аз сарчашмаҳо, доир ба симои тоҷикони куҳистон ва таркиби этникии мардуми ин минтақаҳо малумот диҳад. Масалан, дар боби мазкур маълумоте оварда шудааст, ки аз миллати қадима ва соҳибтамаддун будани тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, муаллиф менависад: «Лазарь Будагов (1812-1878) дар асари худ «Луғати муқоисаи лаҳҷаҳои туркӣ-тоторӣ» дар қатори шарҳи дигар калимаҳо, мегўяд, калимаи тоҷик (таджик) аз калимаи тоҷ (тадж), гирифта шудааст».
Дар бобҳои сеюм ва чоруми ин асар маълумоти ҷолибе оид ба хонаҳои истиқоматӣ, тарзи зиндагонӣ, шуғл ва касбу кори мардумони минтақаҳои Зарафшону Қаротегин ва Дарвоз оварда шудааст, ки хонандаро бо санъати меъморӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикони куҳистонӣ дар асрҳои ХIХ ва аввалҳои асри ХХ ошно месозад.
Боби панҷуми асар доир ба эътиқодоти динии тоҷикони куҳистон бахшида шуда, дар ин ҷо васфи қувваи некиву бадӣ ва боварии мардумони ин минтақаҳо ба Худо ва фариштагон ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Муаллиф дар боби мазкур як нуктаи хеле ҷолиберо овардааст, ки эътиқоди тоҷикони куҳистонро нисбат ба дини худ равшан менамояд. Ў менависад: «Эътиқоди динии тоҷикони куҳистон душвор набуда, вале оддӣ ҳам нест. Дар ҳар ҳолат тоҷики куҳистонӣ аз дину эътиқоди имрӯзаи худ-ислом хушҳол аст ва ба он бо самимияти хоса муносибат мекунад, яъне дар қиёс ба онҳое, ки дар ҳамвориҳо ва шаҳрҳои ҳаёт ба сар мебаранд, ба дин ва урфу одатҳои қадимии худ самимитаранд ва ба он эҳтироми зиёд доранд».
«Урфу одати оила» унвони боби шашуми китоб буда, дар мавзуҳои оиладорӣ, интихоби ҳамсар, муносибати калонсолон нисбати кўдакон, никоҳ, маросимҳо, нигоҳубини фарзанд, вафот ва ғайра сухан меравад. Он маълумоте, ки дар ин боб оварда шудааст, хоси мардуми тоҷик буда, то кунун дар байни мардум роиҷ мебошанд.
Муаллиф боби ниҳоии асарро «Намунаи осори эҷодиёти халқӣ» номгузорӣ кардааст. Ў аз эҷодиёти даҳонии тоҷикони куҳистон чор мақол ба мисли «Хар, шер, шутур ва гург», «Одам ва мор», «Рубоҳ ва будана», «Пайғу, зоғ ва рубоҳ» ва се афсона: «Писари вазир», «Тамокукаш ва сайри хаёлоти ӯ”, «Найранги Ашур-Айёр ва ҳамсари ў» ба хонанда пешкаш менамояд, ки онҳо тарбиявию ахлоқӣ ва пандомӯзанд. Ҷустуҷў нишон дод, ки муҳақиқони соҳа (унвонҷуён, донишҷуён) ин асарро ҳамчун сарчашмаи боеътимод дар корҳои илмии худ хеле кам истифода кардаанд. Китоби мазкур (зери рақамҳои 250 767, 1288 268) дар шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.
Китоби «Нақшу нигори тоҷикони куҳистони Дарвоз (Куҳистони Бухоро)» (Орнамент горных таджиков Дарваза (нагорная Бухара)) маҳсули илмии олими рус, бостоншинос ва сиёсатмадори давлатӣ Бобринский Алексей Александрович буда, соли 1900 дар шаҳри Москав ба нашр расидааст. Асари мазкур тасвири ҳаёти ҳунармандии тоҷикони куҳистони Дарвоз буда, муаллиф маълумотҳои пешниҳод намудаашро аз рўи қайдҳои сафари худ ба ин минтақа, ҳангоми гузаронидани экспедитсия дар соли 1898 ҷамъоварӣ намудааст.
Китоб бо замбони русӣ, вале бо расмулхати крилии пеш аз инқилобӣ навишта шудааст ва он асосан дар ду мавзўъ баҳс намуда, дар бораи ҳунари гулдузӣ (кашидадўзӣ) ва бофандагӣ, аз ҷумла тарзи тайёр кардани намудҳои гуногуни пардаҳои ороишӣ ва тарзи бофтани ҷӯробҳо бо нақшу нигори мардумони ин минтақа, ки асосан ба ин шуғл занон машғул буданд, иттилоъ медиҳад.
Китоб аз сарсухан ва ду бахш: «Гулдӯзиҳо» ва «Ҷӯроб» таркиб ёфта, инчунин дар ин асар 20 расми калонҳаҷм, ки доир ба намудҳои гуногуни пардаҳои ороишӣ ва ҷӯробҳо дар бахшҳои зикршуда оварда мешавад. Расмҳоро муҳаққиқ П.Павлов таҳия кардааст. Ӯ низ дар ҳамин гуруҳ бо А.А. Бобринский будааст. Ин расмҳо метавонанд хонандаро ба умқи андешаҳо ва хаёлоти таърихӣ баранд.
Сарсухани китоб бо муаррифии минтақаи куҳистони Дарвоз, ки он вақтҳо (1900) ҳамчун қисми ҷануби шарқии аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт, шуруъ мешавад. Дар оғози китоб дар бораи мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим, табиат, таърих, ҳаёту фаъолият ва тасвири зоҳирии мардумони ин минтақа маълумот дода мешавад. Масалан, дар ҳамин қисмат муаллиф сохти зоҳирии мардумони ин минтақаро васф карда, менависад, ки мардумонаш қомати миёна ва бештар қоматбаланданд, қаду басти лоғар, сермушак, дароз, пойҳои бақувват, панҷаҳои дасташон хурд, дарозрӯйи сабзина, бинии дарози сабук, чашмонашон сиёҳ ва ё симобиранг, мўяшон қаҳваранг, сиёҳ, баъзан зардинамўй ва малламуй буда, чеҳрашон нисбатан сермўй аст.
Мавзўи аввали ин асар «Гулдузиҳо» ном гирифта, дар бораи намудҳои гуногунӣ гулдўзиҳои абрешимӣ, ки дар матои ресмонӣ нақшу нигор ёфтаанд, маълумот медиҳад.
Дар мавзўи дигари ин китоб ба таври мухтасар оид ба намудҳои гуногуни ҷӯробҳои дастбофт (ҷӯроби дарози пашмин), ки яке аз лавозимоти истеҳсолии дастии худи бошандагони ин минтақа аст, тарзи таёр намудан ва таърихи он сухан меравад.
Ин китоб таҳти рақами 78/26695 дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.
Ҳамакнун сухан аз китоби дигари шарқшинос, мардумшинос, бостоншинос ва забоншиноси Иттиҳодӣ Шўравӣ Михаиил Степанович Андреев бо номи «Нигораҳои тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» (Орнамент горных таджиков и киргизов Памира) меравад, ки соли 1928 дар шаҳри Тошкент ба нашр рисидааст. Китоби мазкур аз 41 саҳифа иборат буда, дар қисмати аввали он доир ба нақшу нигори тоҷикони болооби Амударё ва дар қисмати дуюм доир ба нақшу нигори қирғизҳои Помир маълумот дода шудааст. Бояд гуфт, ки муаллиф дар баробари таҳқиқот доир ба нигораҳо, инчунин намунаи нақшу нигори тоҷикон ва қирғизҳои Помирро бо расмҳо нишон дода, ҳамзамон дар бораи онҳо маълумот пешниҳод намудаву номи ҳар як нақши миллиро зикр кардааст.
Ҷолибияти нусхаи дардастбудаи мо дар он аст, ки аз рўзноманигор ва яке аз равшанфикрони солҳои 20-уми асри гузашта Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ба мерос мондааст. Китоб аз ҷониби Михаил Степанович Андреев ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ҳадя карда шудааст. Дар аввалин саҳифаи муқоваи китоб бо ҳуруфи форсии зебо чунин навишта шудааст:
«Ба ҷаноби олимартаба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми тамом тақдим мешавад».
Мутассифона, дар дастхати Андреев кадом сол тақдим шудани китоб дарҷ нагардидааст, аммо метавон тахмин кард, ки соли нашри китоб, яъне дар соли 1928 ҳадя шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов соли 1928 муҳаррири рўзномаи «Қутулиш» буд.
Соядасти самимӣ ва тақдими китоб баёнгари ин нукта аст, ки муҳаққиқон М.Андреев ва А.Муҳиддинов бо ҳам иртиботи наздик ва дӯстона доштаанд.
Айни замон аз китоби «Нақшу нигори тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамин як нусха ҳадяшуда ба Муҳиддинов таҳти рақами 23712 нигоҳдорӣ карда мешавад. Ин нусха ахиран аз дохили фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ пайдо гардид ва дар шуъбаи мазкур нигоҳдорӣ карда мешавад.
Дар маҷмуъ зиёда аз 30 асари экспедитсионии шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ аз ҷониби кормандони шуъба мавриди омўзишу муаррифӣ қарор гирифт, ки мо наметавонем дар як муъруза доир ба ҳамаи онҳо изҳори андеша намоем.
Бояд хотирасон намуд, ки асарҳои экспедии дар фонди Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҳфузбуда қимати баланди илмӣ дошта ба олимон ва мутахассисоне, ки дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, доир ба илмҳои табиӣ, таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, забоншиносӣ ва этнография корҳои илмӣ-татқиқотӣ мебаранд, ҳамчун сарчашмаи боэътимод метавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
Дар интиҳо мехоҳам зикр намоям, ки дар баробари корҳои нақшавӣ, инчунин кормандони шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар оянда низ ба омўзиш ва муаррифии осори таърихӣ, фарҳангӣ ва экспедитсионӣ машғул шуда, дигар осори илмӣ-таърихии шуъбаро мавриди таҳкиқ қарор хоҳанд дод.
Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,
ардори Шуъбаи нигоҳдории
депозитарии КМТ