Соли ҷавонон ва Рӯзи китоб
Нашр шуд 2017-09-04 14:47
Як нуқтаро иброз ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар яке аз суханронҳояшон хело хуб қайд карданд: «Дар баробари номҳои муқаддаси Модар – Ватан номи пуршарафи китоб ҷойгир карда шавад».
Имрузҳо саҳми ҷавононро дар ҳар як соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мебинем яке дар соҳаи илму техника, дигаре соҳаи фарҳангу варзиш даст боло мегарданд, ки ин ҳам бошад самараи Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Давлату ҳукумати Тоҷикистон дастовадрҳо ва саъю талоши ҷавононро дар чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба эътибор ҳамвора бамегирад. Ба ҳамагон маълум аст дар Паёми навбатии хеш Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призидети Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд, ки ин иқдом дар сиришти ҷавонони саодатманди ин диёри биҳиштосо як нерўи созандаеро эҳё месозад. Аз рўи таҳлилҳои омори нуфузи аҳоли дар Тоҷикистон, муайян гардидааст, ки аксари аҳоли Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, бинобар ин метавон гуфт, ки ин қишри ояндасози миллат давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Ҳамагон хуб медонем, ки халқи соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём китобдору китобхон буд ва баҳри савияи донишу малакаи фарзандони хеш кушишҳо менамояд. Маҳз, ҳамин китобдўстии тоҷикон дар арсаи таърих буд, ки фарзона фарзандони ин миллатро ҷаҳониён мешиносанду эҳтиромашонро ба ҷо меоранд. Аз ҷумла, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садрддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва садҳо нафари дигарро номбар кардан мумкин аст.
Имрўзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи китобдорӣ зиёд шуда истодааст. Махсусан дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки дар ҷумҳурии азизамон, Тоҷикистон китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ба хонандагон, насли меросбари миллит тақдим мегарданд. Яке аз чунин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳаи китобдорӣ ин сохтмони бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки 4 сентябри соли 2007 сохтмонашро оғоз гардида, 20-уми марти соли 2012 расман бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи мардуми китобдўсту китобхони тоҷик нисбат ба китоб зиёд гашта, тули 5 сол мешавад хонандагон ба ин даргоҳи маърифат қадам ранҷа менамоянд ва ин даргоҳи муқаддас барои тамоми хонандагон шароитҳои мусоидро барои баланд бардоштани савияи дониши истифодабарандагонаш муҳаё месозад.
Як нуқтаро иброз ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар яке аз суханронҳояшон хело хуб қайд карданд: «Дар баробари номҳои муқаддаси Модар – Ватан номи пуршарафи китоб ҷойгир карда шавад». Ин нишона аз он аст, ки Пешвои миллат худ нисбати китоб эҳтироми воло доранд. Инчунин дар яке аз суханрониҳои дигарашон хуб гутаанд: «Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз ва дўст доштани ҳар гушаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар намудани мазмуни он сарчашма мегирад».
Аз ин рў ҷавононро мебояд, ки пеш аз ҳама ба худ ва ба Ватани худ қавл диҳанд то, ки барои баланд бардоштани савияи донишу заковати худ ва пешрафти миллату давлат тамоми неруву қувваи худро сарфа намуда бузургии миллати тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон дода, ҳаёти осудаву шароити хуби зиндагиро барои атрофиёнаш муҳайё созанд. Бинобар ҳамин ман, ҳамчун китобдори ҷавон аз хонандагони насли ҷавони кишвар даъват ба амал меорам, ки ҷавононро лозим аст барои баланд гардонидани сатҳи худогоҳию хештаншиносӣ, ҳиссӣ ватандўстию меҳнатпарастӣ ба осори арзишманди Пешвои муаззами миллат пайваста рў оваранд ва ба таври амиқ биомўзанд то ки ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба рушду пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузорем.
Сайзароб Надиров,
китобдори ҷавони
Китобхонаи миллии Тоҷикистон