Китоби нав: Васлии Самарқандӣ. Ғазалиёт

Китоби нав: Васлии Самарқандӣ. Ғазалиёт

Мулло Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ аз шоирони соҳибдевони охири асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад. Китоби мазкур ғазалиёти дилчасп ва саршор аз ақидаҳои пешқадамонаро дар бар гирифтааст, ки аз таълиму тафаккури ашъори шоирони классик асос ёфта, баъдан афкори маорифпарварона ва услуби шеъри давраи нав онро музайян намудааст.

     Китоб барои донишҷўёни факултаҳои суханшиносии макотиби олӣ ва ҳаводорони  шеъри ҷаззоби шоир пешкаш мегардад.

Дар муқаддимае, ки мураттиби он Холида Давлатова навиштааст, аз ҷумла мехонем:

      Нишаи дувуми асри XIX ва авали асри XX давраи пур аз табаддулоти таърихию фарҳангӣ буда, рӯзгору осори бархе шоирони он давра ҳанўз ба таври бояду шояд омўхта нашудаанд. Дар ин давра, дар ҳаёту афкори мардуми Осиёи Миёна ақидаҳои пешқадамона роҳ ёфтанд, ки Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Мирзо Азими Сомӣ, Қорӣ Раҳматуллои Возеҳ, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Нақибхон Туғрал, Садри Зиё, Мирзо Сироҷ, Абдурауф Фитрат, Тошхўҷа Асирӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддин Айнӣ ва дигарон аз зумраи роҳнавардони ин роҳ будаанд. Ин раванди тоза пеш аз ҳама дар риштаи адабиёт дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа назму насри адибони он давр, ҳам аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати шакл, нақши худро боқӣ гузоштанд. Яке аз чунин ашхоси равшанфикру зебозикр Васлии Самарқандӣ мебошад, ки саҳми арзандаи хешро дар соҳаи адабиётшиносӣ, маорифпарварӣ ва аксари илмҳои замонаш гузаштааст...”

Китоби ғазалиёти Васлии Самарқандиро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Дилноза Ганиева, мутахассиси пешбари

маркази такмили ихтисос.

 

Барчаспҳо: