Шогун баҳор муборак

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво наъра зананд ҷумла ба парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

            Наврўз ҷашни қадимтарин ва муқаддастарини мардуми мост. Оӯғози фасли сол аст, оғози баҳор аст, эҳёи табиат аст, оғтзи мавсими шукуфаҳост, даврони гул, сабза, хониши мурғони хушнавост. Дар ин рӯз мардум бо умедҳои нав ба нав вориди як соли дигари умр мешаванд. Ва мегӯем: Хуҷастаю фархунда бод қадами Наврўз бар диёри нозанинамон Тоҷикистон!

Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

            Наврўз аз рўи солшумории пешиниёни мо сари сол, яъне оғози соли нав мебошад ва мардумон ин ҷашнро зеле интизорӣ мекашиданд, чаро ки Наврўз баъди зимистони пурбарфу хунук меомад. Мардумон бо омадани Наврўз шодиҳо мекарданд, ниятҳои нав ба нав мепарвариданд. Дар рўзи ҷашн фақат хушҳолӣ мекунанд, хонаҳои бобоиро, ки аз дуд сиёҳ мешуданд, сафед мекарданд, ҳамдигарро шодбошӣ намуда, рафтагонро ёдовар мегардиданд:

Фахр аз он мекунем, ки Наврўз ҷаҳонӣ гашт ва мардум онро бо шодию хурсандӣ ҳар яке  чи дар хонаҳои худ ва чи дар диёру макони худ ҷашн мегиранд. Мардум дер боз интизор омадани ин ид ҳастанду баҳри пешвози он омодагию тайёрии зиёде мебинанд.Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора мегўяд: «Навруз дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ Рамзи офариниши ҳаёт буда, барои мо тоҷикон азизу муқаддас ва бисёр гиромӣ мебошад, зеро сарнавишт, фарҳанг ва ойинҳои мо аз даврони қадим то имрўз суннатҳои наврузӣ ва густариши онҳо пайваниди қавӣ доранд».

            Ҳар як шаҳру ноҳия иди Наврўзро бо расму русуми худ, ки гузаштагонашон мерос мондааст, мегузаронанд. Наврўзи Бадахшон бо расму ойинҳо ва анъанаҳое, ки  дар  ин  ид  иҷро мекунанд, хеле диққатҷалбкунанда аст. Аз ҷумла, аловпарак, хонагаштак, хонатаконӣ, дудазанӣ,чароғакафзункунӣ ва ғайра. Бузургтарин суннати Наврўз дар Бадахшон рубучин кардани хона, ҳавлию гирду атроф, тоза нигоҳ доштани маҳалли зист, аз кинаю буғз пок кардани қалбҳо,  бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, бо туҳфа  ба  аёдати  ( салом) –и  падару модарон, халифа,  пирону  шахсони муътабар, беморону  афтодагон рафтани одамон мебошад.

         Хонагаштак  аз  сунатҳои муҳим ва машҳури  иди  Наврўз дар ин   диёр маҳсуб меёбад. Хурду калон бегоҳӣ бо навбат ба хонаҳои ҳамдигар медароянд.Сари дастурхони идона бо созу рақс, бо шодию хурсандӣ ҳамдигарро табрик менамоянд ва таманноҳои неки худро  ба  якдигар иброз менамоянд.

Хонатаконӣ   низ  яке  аз  ойинҳо  ба  ҳисоб рафта, дар  ин  вақт нахуст бистару болини калонсолонро  аз  хона   мебароранд.  Баъдан тамоми молу анволи хонаро бароварда, палос ва ҷогаҳхобро метаконанд. Либосҳоро  дар ҳавои тоза ҷудо-ҷудо дар ҷои тоза мемонанд, то  ҳавои тоза ва нури офтоби наврўзӣ  бар  онҳо бирасад. Ва мегӯянд:

Наврўз, биё, дил аз фараҳ шод кунем,
Ин хона зи дуди  куҳна  озод кунем.
Бар омадагони   ид муборак  гўем,
З-онҳо, ки ба хок рафтаанд, ёд кунем.   

Дар аловпарак, ки онро унсури болосўз  низ меноманд,  дар   шаби аввали наврўзӣ  дар  ҷои муайян гулхан меафрўзанд. Хурду бузўрг аз  болои  он  парида, мӯеро  аз  либоси  худ  кашида,  ба даруни гулхан мепартоянд, то дарду балоҳои як солаи онҳоро бисўзанд. Дар ин ид инчунин хӯрокҳои ҳархелаю қадимаро мепазанд. Кибру кинаро  аздилҳо берун намуда   ба  он  шахсоне, ки бемору заиф ҳастанд кўмак менамоянд ва аз  аҳволи онҳо  хабар  мегиранду онҳоро тассали медиҳанд ва умеди онҳоро нисбат ба  зиндагӣ бештару бештар менамоянд.

Хотун Файзмамадова,
мутахассиси Маркази
такмили ихтисос

 

Барчаспҳо: