Анҷоми давраи нави омӯзиши компютерӣ дар Китобхонаи миллӣ

Давраи дигари омӯзишии машғулияти компютерӣ барои кормандони ғайриихтисос дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки 27-уми ноябри соли равон оғоз шуда буд, субҳи имрӯз, 12-уми феврал бо тақдими сертификатҳо ба анҷом расид.
Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ташкили давраҳои омӯзиширо иқдоми хеле наҷиб дар роҳи такмили таҷриба ва ихтисос хонд.
     Профессор Назарзода аз сифати таълим дар давраҳои омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт ин омӯзишҳо фарогир буданд ва дар он аслан касоне ҷалб гардиданд, ки бо ихтисосҳои дигар шомили кор дар китобхона шудаанд. Директори Китобхона ҳамчунин гуфт, ки акнун аз ин ба баъд ин анъана идома ёбад, то кормандон дарку фаҳмиши худро дар масоили китобхона ва китобдорӣ афзун кунанд, маҳорати кории худро сайқал диҳанд.
Ҳамчуноне ёдовар шудем, давраи омӯзишӣ аз охири моҳи ноябр шуруъ шуд ва то 19-уми январ идома дошт. Дар он 14 нафар кормандони навомӯз аз шуъбаҳои гуногуни китобхона ҷалб шуда буданд.  
Ба шогирдон аз фанни компютер Илҳом Маҳмадназаров дарс гуфтааст ва дар рафти дарсҳо ширкаткунандагон барномаҳои сохтори компютери фардӣ, Системаи кории windows, барномаи MS Word, барномаи МS Excel, Internet ба кормандонро омӯхтанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2012 таъсис ёфта, то имрўз зиёда аз 365 кормандони китобхонаҳо давраҳои  омўзиши донишҳои  китобдорӣ – библиографӣ  ва омўзиши донишҳои компютериро хатм намуда, соҳиби сертификат гардидаанд.
 Омӯзишҳо доимӣ буда, на танҳо дар Китобхонаи миллӣ, балки дар дигар китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар ба сурати семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ роҳандозӣ мешаванд.
Чунончӣ, моҳи октябри соли гузашта семинари омўзишӣ дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои вилояти мухтори куҳистони Бадахшон гузаронида шуданд.
Баргузории ин гуна омӯзишҳо ва семинарҳо дар вилояти Хатлон низ пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо: