Тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол

Чунин ном дорад феҳристи тавсиявии адабиёти солҳои 2001 – 2005, ки Ҷўрабой Раҷабов таҳия кардааст. Ин китоб ахиран бо забонҳои тоҷикию русӣ ва ўзбекӣ дар нашриёти «Мулквар» - и Душанбе аз чоп баромад.  Дастури мазкур барои дарёфти адабиёти дилхоҳи соҳаи тиб ба кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва толибилмони макотиби миёнаи махсус ва олии тиббии кишвар ва баланд гардидани сатҳи маълумотнококию фарҳангӣ ва иттилоотии онҳо мусоидат менамояд.

Имрўз кормандони соҳаи тандурустӣ, алалхусус донишҷўёну  илмомўзон  ва олимони соҳа ба адабиёти тиббӣ  ниёз доранд ва мо дар ин дастур кўшиш ба харҷ додаем, ки талаботи онҳоро ба адабиёти соҳави даврони соҳибистиқлолии кишвар қонеъ намоем ва саҳми худро дар рушду нумуи тандурустии кишвар гузорем.   

Дар  нишондиҳандаи  мазкур  беш  аз  1160 номгўйи  адабиёти соҳаи  тибби  Тоҷикистони  соҳибистиқлоли  солҳои  2001-2005 ба забонҳои  тоҷикию русӣ ва  ўзбекӣ  интишоршуда инъикос гардидааст  ва он дар қисматҳои зерин  ҷойгир  карда шудааст.

-Пешгуфтор;
-Масъалаҳои умумӣ;
-Таърихи тиб;
-Гигиенаи иҷтимоӣ ва ташкили нигаҳдории тандурустӣ;
-Гигиена ва санитария;
-Эпидемиология;
-Соҳаҳои тиббу биология;
-Тибби клиникӣ;
-Кўмакфеҳристи алифбоии ашхос иборат мебошад.

Барои таҳияи ин дастур махзани китобии Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ – тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва маводи  солҳои 2001-2005 дар саҳифаҳои феҳристҳои библиографии «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон»-и Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи китобҳои Тоҷикистон) инъикосгардида истифода шуданд.

Дар дастур адабиёт (китобу мақолаҳои маҷаллаву рўзномаҳо ва авторефератҳо) интихобан ба тариқи солшуморӣ ва дар дохил бо тартиби алифбоӣ ҷойгир карда шудааст ва он тибқи низоми нави тасвир сурат гирифтааст.

Мо  итминон дорем, ки дастури  мазкур  барои дарёфти адабиёти дилхоҳ ба муштариёни  соҳаи  тандурустӣ  ва баланд  гардидани  сатҳи  маълумотнокию  фарҳангӣ  ва иттилоотии  онҳо мусоидат менамояд.

Хонандагон адабиёти дар дастур пешниҳодшударо аз махзани китобии Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ - тиббии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино  пайдо карда метавонанд.

Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисос
Миҷгона Муродова

 

Барчаспҳо: