“Маҷмуаи китобхона” чӣ китобест?

Аз ҷумлаи вазифаи муҳими китобхона интихоб ва таҳияи мавод аст, ки битавонад барои ҳар яке аз муроҷиин муфид ва арзишманд бошад. Ризоияти хонанда аз китобхона мустақиман ба навъи китобе марбут аст, ки дастраси вай қарор дода шудааст. Дар интихоби китоб, усули куллӣ вуҷуд дорад, ки барои ҳар навъи китобхона амалӣ ва лозим аст. Аммо, қабл аз пардохтан ба ин усул бояд ҳадафҳои китобхонаро равшан сохт. Мусалламан ҳар китобхона ба сабаби навъи он аст, ҳадафи ҷудогона дорад. Бо ин ҳама ҳадафҳое вуҷуд доранд, ки барои ҳамаи китобхонаҳо содиқ буда ва равшангари роҳи ҳар китобхонае мебошанд.

Ин аст, ки устоди арзишманд Юрий Николаевич Столяров қаблан ба ин кор даст зада китобхонаро аз дидгоҳи мактаби «усули раҳёфти низомёфта» баррасӣ намудааст. Дар ин мактаб ду усули таҳқиқ – «бакороӣ» (функсионализм) ва «сохторӣ» (структурализм) мавриди истифода қарор гирифтааст. «Бакороӣ» ба унвони як равиши мутолиа шевае аст, ки пажўҳишгар ҳар унсури китобхонаро ба таваҷҷуҳ бо нақшае, ки дар «системи китобхона» бар уҳда дорад, мавриди мутолиа қарор медиҳад. Ба маънии дигар «функсиун» бароварда шудани як ниёз бо як амал аст. Тибқи ин усул устод Ю. Н. Столяров китобхонаро беш аз ҳар чиз дасгоҳи фаъол нишон дода, мукаммалии онро дар аносири чоргона (аснод, муроҷиин, китобдор, таҷҳизот ва василаи китобхона) мебинад. Ва мепиндорад, ки китобхона чун як системи муназзам унсури он дар расидан ба натиҷаи ниҳоӣ, саҳме бар уҳда дорад.

Усули «сохторӣ» (структурализм), шеваеро барои пажўҳиш муносиб медонад, ки дар он «сохти китобхона» мавриди назар қарор гирифтааст. Манзур аз «сохти китобхона», баҳампайвастагии маҷмўае аст, ки узвҳои он, танҳо даруни маҷмўъ муайянӣ ва мафҳум пайдо мекунад. Устод М. Н. Столяров кўшидааст бо истифода аз ин шеваи пажўҳиш ақоиди мухталиф ва дидгоҳҳои пажўҳишгаронро ба наҳве арзёбӣ намояд.

Китобхона на танҳо бо китобҳо ва ё намуди асноди мушаххас, балки ба маҷмўаи онҳо, яъне ба муҳтавои китобхона сарукор дорад. Ин аст, илми маҷмўашиносӣ, ки на китобро дар танҳоӣ, мавриди қарор балки маҷмўасозиро мавриди баҳс қарор медиҳад. Аз ин рў барои ин захираи китобхонаро аз маҷмўаи аснод мутамоиз созем, зарурӣ аст, ки мафҳуми «маҷмўаи китобхона»-ро равшан намоем. Аз назари системӣ маҷмўаи китобхона чунин хусусиётро дорад: мукаммал будан, боз будан, теъдоди зиёди китоб доштан, мураттаб будан, идорашаванда, арзишдошта, иттилоотӣ ва ғайра. Танҳо дар як ҷо ҳамаи ин хусусиёт маҷмўаи китобхонаро ташкил медиҳад ва тафовути байни мағозаи китобфурўшӣ, оршив ва анбори китоб равшан мегардад. Донистани чунин хусусиёте имкон медиҳад, ки аз назари илмӣ, маҷмўасозиро амалӣ намояд. Ба ишораи устод Ю. Н. Столяров маҷмўаи китобхона асноди танзимшуда, гузинишёфта, аз рўи вазифа ва мақсади китобхона, ки барои хонандагон пешбинӣ шудааст ва ҳифзу нигоҳдории онҳо дар тамоми замоне, ки аснод аҳамияту арзиш зарур аст. Ин аст, ки маҷмўасозиро вазифаи китобхона мушаххас мекунад. Аз ин рў устод Ю. Н. Столяров ишора мекунад, ки агар китобхона нусхаҳои хаттиро ҷамъоварӣ намояд, бидуни таваҷҷуўҳ муҳтавои онҳо чунин вазифае ба ўҳдаи китобхонаи илмӣ, донишгоҳӣ ва сойири китобхонаҳои бузург мебошад. Агар китобхонаи миллӣ тамоми маводи мунташиршудаи як кишвар ва бахше китобҳои хориҷиро ҷамъоварӣ намояд, бинобар ин вазифаи ёдбудро ба ўҳда дорад. Бар ин мабно аст, ки муаллиф маҷмўаи китобхонаро бунёди тамомнамои китобхона медонад. Дар ин ҷо тафовути маҷмўаи китобхонаро аз асноди дигари захираӣ баён менамояд. Албатта, бозгў кардани табиати маҷмўаи китобхона ҳамчун зерсистеми «китобхона» ба муаллиф имкон додаст, ки робитаи маҷмўаи марҷаъро бо сойири китобҳои маҷмўа мушахас намояд. Дар даҳаи панҷоҳум ва шаст, ки улуми китобдорӣ пешрафт намуд, назарияе пайдо шуд, ки улуми иттилоърасонӣ гўё доираи васеътару густурдатар аз улуми китобдорӣ дорад. Албатта, ин назария бештар ба китобхонаҳои фаннӣ тааллуқ доштааст, ки маҷмўаи чунин китобхонаҳо иборат аз маводи марҷаъ мебошад.

Аз рўи шаклгирӣ ва истифода маҷмўаи китобхона аз даврони пайдоиш ба муҳити он таъсири мутақобил мерасонид. Яъне, теъдод ва муҳтавои аснод дар маҷмўи китобхонаи мустақиман ба анвои хонанда, мутахассисон ва тарҳрезии сохтмон ва абзору василаи он таъсир мегузошт. Аз ин лиҳоз бидуни танзим ва ҷадидсозии аснод «маҷмўаи китобхона» мавҷудият надорад. Муҳтавои асноди гузинишёфта рўи анвои китобхона низ таъсир мегузорад. Аз рўи мазмун, таъини анвоъ, забони аснод ва нишонаҳои дигари маҷмўа анвои китобхонаҳо мушахас карда мешавад. Аммо устод Ю, Н. Столяров муқобили ин аст, ки «… анвои китобхонаҳо аз рўи маҷмўаи онҳо саҳеҳ нест, ки ин ҷанбаҳои мусбат ва манфиро доро мебошад. Ҷанбаҳои мусбати он вақте зоҳир мегардад, ки ҳаллу фасли масоили назарӣ дар робита бо ҳифозати маҷмўа ва мизони гуногуни мавод назарӣ бошад. Сохтмони китобхонаҳо ба интихоби чопҳои махсус барои анвои маҷмўи китобхонаҳо нақши мусбат дорад. Дар натиҷаи ба ҳисоб гирифтани нақши китобхона дар ҷомеа амри маҷмуасозиро амалӣ мегардонад. Ҷанбаи манфии он, вақте зоҳир мешавад, ки бунёди китобхонаҳо асосан баҳисобгирии маҷмўаи он камӣ ва костиҳоро доро бошад. Қаблан ин масъала нуфузи худро ба улуми китобдорӣ расонида, ки он ҳамчунин ба фанни такнигарӣ табдил ёбад. Дар чунин ҳолат вазифаи муҳими китобхона ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ аз байн хоҳад рафт».

Аз дидгоҳе, ки гўё китобхона ҳамчун анбори китоб ва махзан таҷассум мешавад, ғалате буда, ва дар улуми китобдорӣ қаблан ҷой доштааст. Асоси чунин назария ва андешаро дар он мебинем, ки мақсад ва моҳияти асосии китобхона, хадамот ба хонанда фаромўш шуда аст. Яксонсозии моҳияти китобхона бо маҷмўаи он имкон дод, ки тадриси фани «Созмондиҳӣ ва мудирияти китобхонаҳо» (имрўза Менеҷменти китобдорӣ) ба равиши маҷмўасозӣ таваҷҷуҳ кардааст. Робитаи улуми китобдорӣ низ бо улуми дигари назарӣ маҳдуд мавриди баррасӣ қарор мегирифтаанд, танҳо бок адом улуми ҷомеа робита дорад омўхта шудаанд ва аносури дигар фаромўш шуда буданд, ки ин барои рушди ояндаи улуми китобдорӣ таъсири манфӣ гузошт. Китоб ва рисолаҳои илмӣ низ дар бораи ҳифозати маҷмўаи китобхонаҳо нигошта шуда аст, ки ин мавзўъ низ ба масъалаи азбайн рафтани маҷмўаи китобхонаҳо таъсир расонид. Достони андешаҳои Ю. Н. Столяров тўлонӣ ва баҳснок аст ва ба таври хулоса ишора мекунад:

Меъёрҳои асосӣ барои тавсия додани маҷмўаи китобхонаҳо бояд шомили усули зер бошанд:

-матолиби мавҷуд бояд мавриди алоқаи хонандагони худи китобхона бошанд ва ё ба теъдоди зиёде дар ихтиёри онҳо қарор дода шаванд.

-маҷмўаи китобхона бояд эҳтиёҷоти хонандагонро қонеъ карда тавонад:

-матолиби маҷмўаи китобхона бояд аз навъи ҷадид ва ҷалбкунанда бошанд зеро хонандагоне, ки ба китобхона меоянд, мутмаин шаванд, ки ниёзи худро дар он ҷо бартараф хоҳанд кард:

Албатта, меъёрҳои дигаре ҳастанд, ки ба гунаи китобхонаҳо бастагӣ доранд. Ба унвони мисол, усули маҷмўасозӣ дар китобхонаҳои умумиро метавон ин ҷо ба намоиш гузошт: Маҷмўаи китобҳои китобхонаҳои умумӣ бояд шомили китобҳое бошанд, ки муҳтавои саргармкунанда доранд ва ё китобҳои он ба таври ҷомеъ шомили ҳамаи мавзуот буда ва нишондиҳандаи назариёти мухталиф башанд.

Албатта, мутолиаи  ин китоби арзишманд гиреҳхои бештареро дар улуми китобдорӣ боз мекунад ва таваҷҷуҳи мутахассисони тоҷикро дар ҷодаи маҷмўасозӣ бештар менамояд.

Бояд гуфт, ки ин китоби аввалини бунёдӣ ба забони тоҷикӣ буда, барои рушду нумуъ ва тавсияи китобдорӣ, бавижа ҷойафтодани истилоҳот ва вожаҳо дар мутуни китобдорӣ нақши арзандаеро ифоъ хоҳад кард.  

Сафар Сулаймонӣ

Китоби Ю.Н.Столяров “Маҷмуаи китобхона” соли 1997 чоп шудааст ва як дастури хубест барои мутахассисони соҳа. Ин китобро шумо дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа кунед.

Таҳияи Дилноза Ғаниева

Барчаспҳо: