Китобдорони шоистаи Тоҷикистон: Саодат Икромӣ

Саодат Икромӣ баъди марги шавҳараш Ҷалол Икромӣ боз се соли дигар зист ва соли 1996 дар синни 82 солагӣ тарки олам кард. Ӯ на танҳои бонуи донишманду босавод, балки модари мушфиқи фарзандоне буд, ки ҳар кадом олимони соҳибтахассус дар риштаҳои мухталиф буданд. Дилафрӯз Икромӣ – духтари Саодат ва Ҷалол Икромӣ дар суҳбате гуфтааст: “Падару модари ман 65 сол бо ҳам зиндагонӣ карданд. Вақте ба ҳам расиданд, падарам 19-сола ва модарам 15-сола буданд. Модаркалонам Саломатбибӣ аммаи падарам буданд. Он замон дар Бухоро ҳамин хел одат буд, ки ҳама домоду арӯс бояд аз авлоди якдигар бошанд, бегона ба бегона на духтар медод ва на домод мегирифт.

Модари ман Саодатхон духтари кенҷаи хона, каме шӯху эрка ва ҳам хеле хушрӯ буданд ва талабгорони зиёд доштанд. Модаркалони мо доим мегуфтанд, ки ман ҳамин як ҷиян дорам ва духтарамро ба ӯ медиҳам. Падарам, ки дар хурдсолӣ аз навозиши модарашон маҳрум шуда буданд,  модаркалони моро ба ҷойи модарашон медонистанд ва дар ёддоштҳояшон борҳо инро зикр кардаанд. Ҷойи таъкид медонам, ки  аввалин  тӯйи ба истилоҳ сурх дар Бухоро ин тӯи падару модари ман буд...” 

            Саодат Икромӣ (1914-1996), Китобдори шоистаи Тоҷикистон (1958). Ҳамсари нависандаи забардасти тоҷик Ҷалол Икромӣ, аз миёни бонувони тоҷик нахусткорманди Китобхонаи давлатии ҷумҳурист, ки дар Техникуми молияи пойтахт хондааст. Тамоми умрашро дар хидмати китоб сарф намуда, ҳанўз соли 1934 дар китобхонаи асосии мамлакат ба фаъолият пардохтааст. Вай мураттиби феҳристи аввалин китобҳо ба забони тоҷикӣ мебошад, корҳои библиографӣ ва ройзаниро аз худ карда, дар ташкили намоишгоҳҳои китоб фаъолона ширкат варзидаааст ва ба китобхонаҳои вилоятию ноҳиявӣ дар коркарди адабиёт ба забонҳои мухталиф бевосита кўмак расонидааст.

Чанд сол дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона заҳмат кашида, дар ҷамъоварии нусхаҳои хаттии адабиёти классикии тоҷик саҳм гузоштааст. Аввалин дастурҳои тавсиявии библиографиро Саодат Икромӣ маҳз бо ҳамдастии Рина Осиповна Талман соли 1941 тартиб додааст, ки “Армияи сурх – посбони Ватан (1941), “Михаил Лермонтов”(1941) аз ҷумлаи онҳост. Ў барои ба низом даровардани мақолоти рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ хидмати арзанда намудааст. Номашро ҳамчун поягузори низоми китобшиносии тоҷик ба забон мегиранд, дасти даҳҳо ҷавонони навкорро дар ҷодаи касб рост кардааст.  

               Саодат Икромӣ ба хотир меовард, ки “дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кори китобхонаҳои мо осон набуд. Вақти муқарраршудаи кориро дар Китобхона гузаронида, мо китобҳои зиёде гирифта ба беморхонаҳо ба назди маҷрўҳон мерафтем. Албатта, пиёда, зеро мошин набуд. Ҷанговарони тоҷику ӯзбек интизори омадани ман буданд. Садои қадамҳои моро шунида, бо шодӣ ба пешвози мо мебаромаданд: "Апа Саодат омад, апа Саодат китоб овард" . Ман  бо онҳо меҳрубонона салом мекардам ва ба онҳое, ки хонда метавонистанд, китобҳои фармоишии онҳоро тақсим карда медодам ва барои онҳое, ки хонда наметавонистанд, вале мехостанд гўш кунанд, ман худам китоб мехондам. Онҳо гўш кардани шеърҳои Лоҳутӣ, Пайрава Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзода, повесту романҳои С. Айнӣ, Раҳим Ҷалил ва дигаронро дўст медоштанд. Кўдакон маро дар хона интизор буданд ва ман ба хона бармегаштам, аммо дилам бораи он ҷанговарони ҷавон ғамгин мешуд ва ман ба ҷангу фашистон лаънат мефиристодам. Тааҷҷубовараш он буд, ки ҳангоми сўҳбат бо онҳо ман тамоман хаста намешудам ".
Барои фаъолияти софдилонааш Икромӣ Саодат бо медали «Барои меҳнати шуҷоъ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» сарфароз гардонида шудааст.
Саодат Икромӣ ҳамсари меҳрубону дилсӯзи Навсандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буд. Устод Икромӣ ӯро хеле дӯст медошт ва бо вуҷуди азобҳои зиёд, ҳабсу бадарға ва саргардониҳо муҳаббати онҳо заррае кам нашуд. Дар китоби хотироти худ бо номи “Он чи аз сар гузашт” нависандаи маъруф дар бораи Саодат – ҳамсари меҳрубонаш низ навиштааст. Порае аз онро ин ҷо меорем:
“Занам – Саодат ҳайрону гирён ба кӯчаҳо давида, як сарпаноҳе, як хонаи иҷора кофтааст. Вале ба ҳар даре, ки равад, мепурсидаанд, ки то ҳоло дар куҷо будед ? Чаро он хонаро тарк кардед ? Шавҳаратон дар куҷост? Ба вай чӣ карданд? Ҳарчанд Саодат бардурўғ бошад ҳам, шавҳарам мурдагӣ гўяд, бовар намекардаанд. «Мо ба зани душмани халқ хонаи худро намедиҳем» мегуфтаанд. Дар ҳақиқат ҳам мардум метарсиданд. Авлоди он касе, ки ҳабс шуда, номи «душмани халқ» - ро гирифта бошад, чун муртад буд. Мардум аз салом додан ба ин тавр касон метарсиданд. Агар салом диҳанд, ба хонаашон роҳ диҳанд, мумкин буд, худи онҳо ба тўҳмат гирифтор шаванд.

Саодат сарсон шуда, ниҳоят дар кўчаи ленин, дар паси дўкон ва ошхонаҳое, ки дар он вақт буд, ба ҳавлии Маҳмудовҳо меравад. Модари Муқаддас, ки зани бешавҳар буд, бо ду писараш дар ҳавличае истиқомат мекард. Дар он ҳавлӣ ба ғайр аз хонаи соҳиби он боз як хоначаи чизмонӣ будааст, ки модари Маҳмудов ба он Саодат ва фарзандони маро роҳ додаст. «Шавҳаратон ҳабс бошад ҳам ман наметарсам, шавҳари  худи ман ҳам ҳабс шудагӣ» гуфтааст. Саодат хурсанд шуда, зуд чизу – чораҳои андак боқӣ мондаи хонаро ба он ҳуҷра мекашонад ва аз як ғам халос мешавад…

Саодати ман он рўзҳо ҳазор ғам доштааст: дарбадарӣ, рўзғор, номи бади «зани душмани халқ» , бепулӣ ва бебизоатӣ…

Ҳазор ғам ба дилам ҳаст, ин ғам аз ҳама бадтар,

Ки касе зи хешу зи бегона ғамгусор надорам.

Гуфтааст шоир. Дар ҳақиқат Саодати ман, оилаи ман он рўзҳо ғамгусоре надоштаанд. Ба болокорӣ ўро, Саодатро, ки дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ кор мекард ва як андак маош мегирифт, рўзе директор ҷеғ зада мегўяд, ки «Шумо аз кор ронда шудед, мо зани душмани халқро ба кор монда наметавонем. Аз пагоҳ ба кор наоед!» Саодат гирён – гирён ба хона бармегардад, ки модараш ҳам гириста нишастаанд. Саодат сабаб мепурсад. Мегўянд, ки ман дар рўи  ҳавлӣ шолчаро партофта нишаста будем, ки се нафар зани нависандагон омадаанду пурсиданд, ки «ба ҳамин ҷо омадетон ?» Ман гуфтам, ки «шумо ҳай кунетон ба куҷо равем?!» Баъд дар байни худ пичир – пичир карданду хандида, баромада рафтанд… Ба ҳамин рўзи мо ҳам намемонанд. Илоҳо рўзашон аз рўзи мо ҳам бадтар шавад!».

Саодат ба модараш тасаллӣ медиҳад, майлаш, ман хонаи дигар кофта меёбам, аз ин бадкирдорҳо дуртар меравем, гуфтааст. Модараш аз кор холӣ карда шудани Саодатро фаҳмида пурсидааст:

- Туро аз кор бароварда бошанд, мо бо чӣ зиндагӣ мекунем?

Саодат гуфтааст ки:

- Ҳамаи он чизҳоеро, ки фурўхта, пул карда будем, ба ҳамин рўзамон ба кор меояд. То тамом шудани он пулҳо, худо подшоҳ!..

Як ҳамшариамон, ки дар кассаи амонатӣ кор мекардааст, номаш Раҳматов будааст, ба Саодат як кулбаи бафурўшмондашударо ёфта, хабар додаст. Он кулба, ки дар гузари «Интернасионал», дар кафои стансияи ҳамонвақтаи апарптураи радио будааст, як хонача бо даҳлизаш ва айвон. Аз зери девори хона ҷўи об мегузарад ва хонаю даҳлиз пурнам. Вале сандалӣ дорад, ҳамсояҳояш одамони бисёр нағз, мусалмонони Фарғона, инчунин як акамуллои бухороӣ, занашон «Пошшои Ҳарир» ҳастанд. Ин хона, хусусан ба аммаамон маъқул мешавад. Мегўянд ки албатта он хонаро гирифтан лозим. Қарз мекунем, қавола мекунем, ба ҳар ҳол хонаи худамон мешавад ва аз ин ҳавлии номувофиқ мекўчем...”

Адабиёти истифодашуда:

  1. Майрам Мамадазимова. Национальная библиотека Республики Таджикистан: история становления и развития (1933 – 1993гг.), Душанбе. – 2012. – С. 80 – 81.
  2. Б. Аҳмадов., Ҷ. Раҷабов. Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик, Душанбе. – 2016. – С. 183 – 184.
  3. Ҷалол Икромӣ. Он чӣ аз сар гузашт, ёддоштҳо, Душанбе. – 2009, 360 саҳ.

Хотун Файзмамадова, мутахассисс пешбари

Маркази такмили ихтисос

 
Барчаспҳо: