15 нафар китобдорони ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав давраи омӯзиширо хатм карданд

 Панздаҳ нафар китобдорон аз ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав баъди хатми як давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд. Ин давраи омӯзишӣ дар ҳаҷми 36 соат рӯзи 9 – уми декабр оғоз гардид ва 20-уми декабр ба анҷом расид. 10 нафар китобдорон аз ноҳияи Турсунзода ва 5 тани дигар аз ноҳияи Шаҳри нав буданд.

 Дар ҷараёни машғулиятҳо ба шунавандагони давраи омӯзишӣ ассосан дар бораи соҳаҳои муҳим, ба монанди китобдорӣ иттилоотӣ, ТДУ, тасвири библиографӣ, хизматрасони ба муштариён, идоракунии давлатӣ,  созмондиҳии шабҳои адабӣ ва ғайра маълумот дода шуд.  Онҳо дар семинарии ҷумҳурявии « Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ширкат варзиданд ва дар кори баргузории он амалан ҳисса гузоштанд.

 Пас аз хатми давраи омӯзишӣ бо ширкати  муовини директор ва сардори шуъбаи кадрҳои Китобхона бо онҳо сертификати тахасусӣ тақдим гардид.

 Маврид ба таъкид аст, ки Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ давраҳои омӯзишии дигарро ҳам тарҳрезӣ кардааст, ки сар аз соли нави милодӣ шуруъ мегарданд.

Юлчибой Мўсоев,
муовини сардори Маркази такмили 
ихтисоси Китобхонаи миллӣ

 
Барчаспҳо: