Нигаронии Раҳмонзода аз дур мондани духтарон аз сеюмин зинаи таҳсил

Абдуҷаббор Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз зинаи сеюми таҳсил дур мондани духтарон дар кишварро масъалаи ҷиддӣ донист.
Ёвари Президенти Тоҷикистон, ки имрз дар конфронси ҷумҳуриявии «Соли оила- идомабахши сиёсати меҳварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан ва оила» дар Китобхонаи миллӣ суханронӣ мекард, гуфт: «Як масъалаи ҷиддие, ки бояд имрӯз баррасӣ шавад, ин аз зинаи сеюми таҳсилот дур мондани духтарон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мебошад. Албатта, теъдоди чунин духтарон дар ҳар ноҳияву деҳа гуногун аст ва бештари духтарон баъд аз синфи 9 аз мактаб дур мешаванд. Ин масъала метавонад дар оянда мушкилот ба бор орад».
Мақсади ин конфронс, ки ба эълон гардидани Соли 2015-соли оила, 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-солагии таъсиси Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида шуда буд, таҳкими мавқеъ ва нуфузи оила дар ҷомеа мебошад.
Дар идомаи суханони худ Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҷалби бонувон ба омӯзиши касбу ҳунар таваҷҷуҳ кард ва ин масъаларо хеле зарурӣ хонад. Вай гуфт:  «Боиси ифтихор аст, ки Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун рукни сохтори давлатӣ барои таблиғи сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ корҳои шоистаро ба анҷом мерасонад ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро амалӣ мегардонад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Соли оила эълон гашта буд. Имрӯз занон дар пешрафти ҳама бахшу соҳаҳои кишвар саҳми назаррас доранд. Рӯз ба рӯз теъдоди квотаҳои президентӣ барои духтарон зиёд шуда истодааст, ки ин як воситаи хуб барои дастгирӣ ва ҷалби духтарон ба таҳсил мебошад».

Дар конфронс раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қосимзода Идигул Тағо, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тағойзода Сумангул Саид, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатии МНМО Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъа, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Шарофзода Гавҳар ва дигарон иштирок намуданд.
 Бояд гуфт, ки дар конфронс мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими оила ва тарбияи фарзанд», «Тарбия- омили тақдирсоз», «Танзими психологии муносибатҳои оилавӣ- омили устувории оила», «Таҳлили гендерии масъалаҳои оиладорӣ ва оилаи солим», «Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоии ҷомеа ва нақши он дар сиёсати имрўзаи Ҳукумати мамлакат», «Оила ва никоҳ аз нуқтаи назари ислом», «Оилаи ҷавон: мушкилиҳо ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими расму оинҳои миллӣ-гарави зиндагии шоиста», «Пешгирии зўроварӣ дар оила», «Оила ва тандурустӣ» ва «Ақди никоҳи давлатӣ- кафили ҳифзи ҳуқуқи аъзои оила» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.