Рӯнамои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»
Нашр шуд 2016-04-27 18:55
Рӯнамои ҷилди аввали китоби тозанашри «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ширкати беш аз 60 нафар донишмандон ва муҳаққиқону фарҳангнигорон баргузор шуд.
Ҷилди аввали “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” бо талоши Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи мардуми тоҷик” нашр шуд ва он барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи азизамон нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фарҳанги миллиамон шинос менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар бойгониҳои илмию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла институтҳои таҳқиқотии Академияи илмҳо, пажўҳишгоҳҳову донишгоҳҳо, Осорхонаи миллӣ ва дигар осорхонаҳои кишварамон маводи фаровони моддию ғайримодии мардумшиносӣ мавҷуданд, ки барои таҳияи ҷилдҳои баъдии он ҳамчун сарчашма хидмат намояд.
Ҳукумати кишвар дар самти ҳифз ва гиромидошт ва омўзиши тамаддуну фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, урфу одат, тарзи тасаввуру баён, донишу таҷрибаҳо, – инчунин афзори вобастаи онҳо, ашё, нигораҳо ва фазои фарҳангиро, ки аз тарафи ҷамоат гурўҳҳо ва дар баъзе маворид афроде дар алоҳидагӣ ба сифати қисмате аз мероси фарҳангии худ барномаҳои махсусро ба тасдиқ расонидааст. Дар ин замина маводи гуногун дар китобу маҷаллаҳо нашр гардида, барои густариш, арҷгузорӣ ва ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ хидмати хоса доранд.
Ҳайати гурўҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҷилдҳои баъдӣ дар мавзўъҳои алоҳидаи фарҳанги ғайримоддии мардумӣ аз ҷумла, «Наврўз», «Сўзанӣ», «Бофандагӣ», «Косибӣ», «Либосҳои мардумӣ», «Бозиҳои бачагона», «Ҷашнҳои иҷтимоии мардумӣ» барои хонандагон пешниҳод намояд.