Андешаҳо перомуни китобхонаҳои мактаб
Инсоният дар тўли таърихи фаъолияти худ ҳамеша кушиш ба харҷ додааст, ки ба мушкилоти мухталифи зиндагӣ посух бигўяд, сиру асрори ҷомеаву зиндагиро ошкор намояд. Бисёр гуфта шудааст, ки мутолиа огоҳии мардумро зиёд менамояд ва ин боварӣ дар нигоҳи ҷамъӣ боис мешавад то ҳалли масъала дар ҷомеа афзоиш пайдо кунад. Ин албатта, кори саҳл ва осон нест, ки аз мутолиа бармеояд, он ҳам дар ҷаҳоне, ки метавонад мутолиа эътимод ба нафси афродро зиёд намояд ва ин кумак мекунад ба он ки афрод бо энержӣ ва субот қадами бештар бо масоили мавҷуд гузоранд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мутолиа афродро дар масире қарор медиҳад, ки пас аз чанде эътиқоди онон устувор ва ҷаҳонбиниашон ба куллӣ тағйир меёбад.
Дар он дастовардҳое, ки инсоният дар тўли фаъолияти худ сазовор мегардад, саҳми китоб ва китобхона беандозааст. Аз гузаштагони мо бисёр китобҳои пурмазмуну пурқиммат боқӣ мондааст, вазифаи китобдор, китобхона ҳифз ва нигаҳдории ин ганҷинаи илму дониш ба ҳисоб меравад.
Пошхӯрии Иттиҳоди Шўравӣ ва сар задани нобасомониҳои дохилӣ ба фаъолияти китобу китобхона низ таъсири манфӣ расонд. Бо вуҷуди ин ҳама бесарусомониҳо масъулини соҳа тавонистанд барои нигоҳ доштани мероси бою рангини худ саҳм гузорад, ҳатто дар китобхона шабҳо хоб мекарданд, то ки китобҳо ба дасти бадхоҳону душманон нарасанд. Яку якбора осон набуд ҳамаи ин камбудиҳоро бартараф кардан, зеро олмони ин соҳа хеле кам буданд. Солҳои истиқлолият марҳила ба марҳила камбудиҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфт. Қабули як қатор қарорҳову барномаҳои нав доир ба китобу китобхона, хоса қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” баҳри амалӣ намудани нишондодҳои Барномаи “Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” самтҳои стратегии равнақи ин бахши муҳими фарҳанги миллиро муайян намудаанд. Ҷиҳати такмили хазинаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ харидории адабиёти нав, маъракаи обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, ташкили “Корвони китоб” ба маҳалҳои гуногуни мамлакат ва дигар чорабиниҳо роҳандозӣ шудаанд ва натиҷа додаанд.
Имрўз бевосита таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобу китобхона мавқеи худро пайдо намуд. Иқдоми кохи бегазанд, боргоҳи илму маърифат-Китобхонаи миллӣ, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, ин махзани илму дониш баҳри пешрафти фарҳангу тамаддун нақши бисёр беназирро иҷро менамояд, бо ташаббуси Сарвари давлат барои миллати тоҷик сохта ба истифода дода шуд.
Китоб ба мо кумак мекунад, то ки худро шиносем, барои ҳамин бояд китобхонаи мактаб фаъол бошад, чунки оғози худшиносӣ аз мактаб сар мешавад. Хонанда иттилооти тозаи соҳаҳои гуногунро бояд қабл аз ҳама ба туфайли китобхонаи мактаб пайдо карда, аз маводи иттилоотии ҳамин даргоҳ бо одаму олам шинос гардад, меҳру муҳаббаташ ба Ватан, волидону омўзгорон, таъриху тамаддуни гузаштагон, адабиёт, суруду мусиқӣ, асосҳои одобу дониш, маълумоти зарурӣ нисбати муҳити зисти худро маҳз аз ҳамин ганҷинаи дурри маънӣ дарёфт намояд.
Мутаассифона, аксарияти биноҳои китобхонаи мактабҳо ва деҳот таъмирталабанд, чун ки биноҳои мустақил надошта, дар хонаҳои истиқоматӣ ва синфхонаҳо фаъолият доранд, ҳол он ки китобро бояд дар як шароити мусоид нигоҳ доштан лозим, вагарна ҳамааш дар боду ҳавои номусоид вайрон шуда аз байн меравад. Имрўз китобхона дар мактабҳо аз мадди назари масъулони муассисот андаке дур мондааст, зеро дар аксари китобхонаҳои мактаб қаровул, фаррош, муаллими ягон фан масъулияти мудириро бар дўш доранд, ки ин боиси нигаронист.
Сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон, таъминоти китобҳои дарсиро ҳам мушкил гардондааст. Яъне имрўз фаъолияти китобхона дар мактабҳо функсияҳои иттилоотӣ, тарбиявӣ, омўзишӣ фарҳангии худро иҷро карда наметавонанд. Cабаб чист?
Сабаби асосии бесарусомониҳо дар китобхонаҳои мактаб низ хунукназарӣ нисбат ба ҳамин омил аст. Он шахсоне, ки имрўз дар китобхонаҳои мактаб фаъолият менамоянд, нозукиҳои соҳаро намедонанд, онҳо вазифаро ҳамчун сарборӣ, ноилоҷ барои маоши иловагӣ ба ўҳда мегиранд. Набудани мутахассиси соҳаи китобдорӣ, норасоии китобҳои таълимӣ ва бадеӣ, мазмунан куҳна шудани китобҳо. Бар замми ин мушкилоти кам будани маоши корманди китобхонаи мактаб мебошад, аз ин рӯ дар китобхонаҳои мактаб ва ҷамоату деҳот мутахассисони соҳа намерасанд. Ин аст ки самараи фаъолият дар ин китобхонаҳо комилан ҷавобгўи талабот нест.
Чӣ бояд кард? Сохтани биноҳои нави ба талаботи имрўза ҷавобгў, таҷҳизонидани базаи моддию техникӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ, ғанӣ гардонидани фонд бо китобҳои тозанашр ва пурмазмун, ҷорӣ намудани усули нави хизматрасонӣ ба хонанда, ташкили китобхонаҳои электронӣ, пайваст намудани шабакаи интернет ба мақсад мувофиқ аст. Анҷом додани ин гуна амалҳо метавонад китобхонаро ба як макони илму маърифат табдил диҳад. Масъулин метавонанд бо ин роҳҳо мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд, зеро китобхона яке аз сохторҳои асосии муассисаву мактабҳо ба ҳисоб меравад.
Дар мактабе, ки китобхонааш ба талабот ҷавобгўй бошад саводнокии хонандагонаш ҳам ба куллӣ фарқ мекунад. Кунун дар мактабҳо бояд китобхонаи электронӣ ташкил карда шавад, зеро асри XXI ин асри техникаю технология мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки айни замон дар аксари китобхонаҳои мактаб ва деҳот китобҳои замони шуравӣ боқӣ мондасту халос, қисмате, аз ин гуна китобҳо алаккай мазмунан кўҳна шуданд.
Муассисаҳои дахлдор бояд сари ин масъала чораҳои заруриро андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд, зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд. Ин мушкилоти дар боло зикр шуда метавонад бартараф гардад.
Исмоил Саидзода,
Корманди шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ