Фаъолияти сесолаи як донишкада дар як китоб
Нашр шуд 2020-10-20 14:02
“Се соли рушди ҳунару истеъдод” китобест, ки ахиран чоп шуда ва аз фаъолияти сесолаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нақл мекунад. Муаллифон мегӯянд, дар ин маҷмўа фаъолияти гуногунҷанбаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар солҳои 2017- 2019 гирд оварда шуда, барои сабти таърихи донишкада ва истифодаи ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёну ихлосмандони соҳаҳои фарҳанг ва санъат пешниҳод карда мешавад.
Дар сарсухани китоб омадааст: Фарҳанги ғании мардуми тоҷик як ҷузъи таркибии таърихи башарият маҳсуб меёбад. Ин фарҳанги бошукўҳ дар тўли таърих миллати куҳанбунёди тоҷикро ҳамчун шиноснома ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Воқеан, фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо ва барқароркунандаи ҳофизаи таърихи халқҳо мебошад. Хусусан он дар раванди таърихии тарбияи мардум дар рўҳияи нав - эҳсоси солими хештаншиносӣ ва устувор намудани сатҳи ҳувияти миллӣ, дарки дурусти мақоми миллат дар миқёси ҷаҳонӣ, фарҳангӣ будани ҷомеа нақши бузургро иҷро менамояд. Дар ин замина, тарбияи саҳеҳи касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба мо имкон медиҳад, ки минбаъд ҷавонони кишвар дар самти фарҳангу санъат малакаву маҳорати баланд ҳосил намуда, ба ин васила ватани азизамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо мақсади татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муайян намудани натиҷаҳои минбаъдаи фаъолияти донишкада дар соҳаҳои фарҳангу санъат тасмим гирифт, ки ба таври муфассал ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияташро дар шакли маҷмўа ҳар сол интишор намояд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки ихлосмандони соҳаи фарҳанг аз бурду бохти фарҳанги миллӣ огоҳ гардида, ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас дар рўҳияи фарҳангдўстӣ саъю талош варзанд. Зеро яке аз шартҳои асосии таъмини минбаъдаи рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо таҳсили баландмазмуни тахассусӣ ҷалб намудани истеъдодҳо ба шумор меравад.
Бо мақсади даст ёфтан ба натиҷаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ, шўбаи магистратура, аспирантура ва доктор (PhD), китобхонаи илмӣ, васоити ахбори донишкада, ҳамчунин фаъолияти тарбиявӣ, эҷодӣ ва корҳои хоҷагиву маъмурӣ дар давоми солҳои 2017-2019 маҷмўае таҳти унвони «Се соли рушди ҳунару истеъдод» мураттиб намудем, ки фарогири мавзўъҳои фавқуззикр мебошад.
Ин маҷмўа барои ҳайати профессорону устодон муҳаққиқон ва донишчўёну ихлосмандони соҳаҳои фарҳанг ва санъат пешниҳод мегардад. Ҳамчунин, арзиши мачмўъаи мазкур дар он аст, ки он таърихи се соли ахири донишкадаро пурра дарбар гирифта, ба сифати маводи илмӣ-таҳқиқотӣ барои анҷоми корҳои илмии пажўҳишгарони оянда мусоидат хоҳад кард.
Ин китобро шумо, хонандагони азиз ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавонед му толиа намоед.
Шарофат Мирзоева