«ВАЗИФАИ ОЛӢ»-ро дар Китобхонаи миллӣ тамошо кунед

  Муаррифии филмҳои тоҷикро бахшида 90-солагии кинои тоҷик идома медиҳем. Соли 1958 киностудияи «Тоҷикфилм» истеҳсоли филми бадеӣ «Вазифаи олӣ»-ро аз рӯи асари Л. Ҳалимҷонов, коргардон Б.Кимёгаров, наворбардор М.Шуриков, бастакор С.Баласанян, матни сурудҳо аз шоир А.Сидқӣ ба роҳ монд.

  Филми «Вазифаи олӣ»-ро, ки ба киностудияи «Тоҷикфилм» муваффақияти муайяне овард, драмаи лирикӣ ҳисобидан мумкин аст. Филм дар бораи тақдири духтури ҷавон Зулфия (Ҳунарманди Хизматнишондодаи Ҷумҳурӣ Д.Қосимова) нақл мекунад. Зулфия пас аз хатми донишгоҳ ба аспирантура дохил мешавад ва рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ассистенти профессор таъин мешавад.

  Кори амалӣ дар пеши мутахассиси ҷавон як қатор душвориҳои сахт мегузорад: аз шифохона бемори табобатнашударо ҷавоб медиҳад; аз ташхиси нодурусти ӯ яке аз беморон мемирад(зеро ки Зулфия ӯро дар вақташ ҷарроҳӣ накард). Аввалҳо ба мутахассиси ҷавон духтури  таҷрибакор Маҳмудова (Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон СофияТуйбоева) ба ҳар восита ёрӣ расонданӣ мешавад. Лекин фақат аз паи шуҳрату ном афтодани Зулфияро дида, аз ӯ рӯ метобад. Ихлоси профессорҳо ҳам аз духтури ҷавон мегардад.

  Ба нохушиҳои кор нохушиҳои ҳаёти шахсии Зулфия зам мешаванд. Ӯ духтархонди Бобониёз аст (Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Муҳаммадҷон Қосимов), Бобониёз мехоҳад, ки писараш Камолро (Ҳунарманди ХалқииҶумҳурӣ Гурминҷ Завқибеков) ба ӯ хонадор кунад, лекин духтар Анвар ном ҷавони геолог (Ҳунарманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон Марат Орифов) – писари духтур Маҳмудоваро самимона дӯст доштааст. Муаллифон хатҳои асосии зидддиятҳои филмро муайян намуда, духтар – қаҳрамони филмро «маҷбур мекунанд»,ки қарори ягонаи дуруст қабул намояд. Ӯ ба шифохонаи деҳа ҳамчун ҷарроҳи оддӣ ба кор даромада, фидокорона меҳнат мекунад, то ки аввал дониши амалию таҷриба ҳосил карда, сазовори «вазифаи олии» худ шавад. Зулфия кибру ғурур, худписандию шуҳратталабӣ барин хислатҳоро аз замири худ дур месозад.

Филми «Вазифаи олӣ» масъалаҳои ниҳоят муҳими ахлоқию одобро мебардорад. Он дар пеши назари тамошобинон барои инсон, барои муносибати нав ба вазифа ва қарзи шаҳрвандии худ мубориза бурдани аҳли ҷамъиятро нишон медод. Муаллифон аз ӯҳдаи ин вазифаи мураккаб баромада тавонистанд.

 «Вазифаи олӣ»дар Фестивали 2-юми Умумииттифоқии филмҳои шӯравӣ соли 1959 дар Киев бо дипломи ҳавасмандӣ қадр карда шуд. Аз таҳияи ин филм солҳои зиёд гузашта бошад ҳам он маънои аслии худро гум накарда, дар рӯзҳои мо низ хеле диққатҷалбкунанда ва тамошобоб мебошад.

Ногуфта намонад, ки хонандагони Китобхонаи миллӣ метавонанд ин филмро дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми китобхона тамошо кунанд.

Адабиёти истифодашуда:

1.Мирзошоев, С.Роҳи кинои тоҷик. – Душанбе: Ирфон. – 1973. – саҳ.129.

2.Раҳимов, С. Нури парда. – Душанбе: Сарредакцияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷикистон. – 2004. – саҳ.230.

3.Боймуҳаммадов,У. Ифтихори санъати тоҷик. – Душанбе. – 1963, саҳ.10.

4.Раҳматуллоев, Ҳ. Зуҳури ишқи саҳна. – Душанбе: Адиб. – 1967. –саҳ.5.

5.Энсиклопедия кино Таджикистана. – Душанбе: Эр-граф. – 2012. – 396 с.

6.Азизова, С. Дар масири ёдҳо. – Душанбе. – Адиб. – 2015. с. 18.

Нигина Маҳмудова

корманди шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар