Ҷамолиддин Тошматов аз зумраи адибоне буд, ки бо тоҷикиву ӯзбекӣ хуб менавишт. Ҳарчанд адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон буд, вале мақолоту очекҳои зиёдеро бо тоҷикӣ навиштаву маъруфият пайдо карда буд. Агар умр барояш вафо мекард, имсол 80-сола мешуд.
Нависанда, публисист ва рўзноманигор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамолиддин Тошматов 20-уми апрели соли 1939 дар деҳаи Яккатераи ноҳияи Конибодом дар оилаи колхозчӣ дида ба ҷаҳон кушодааст.
Соли 1956 Омўзишгоҳи педагогии Конибодом ва соли 1961 факултаи филологияи Институти давлатии педагогии ш. Хуҷандро (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) хатм намуда, муддате дар рўзномаи шаҳрии «Машъали коммунизм» (ш. Конибодом), рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод» ва рўзномаи шаҳрии «Ленин йўлӣ» (ш. Турсунзода) фаъолият доштааст. Аз соли 1963 то 1999 дар рўзномаи «Совет Тожикистони» (аз соли 1991 «Халқ овози» вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба, муовини сармуҳаррирро ба ҷо овардааст.
Ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ якзайл менавишт, очерк ва қиссаю ҳикоёт, драмаҳо зиёд эҷод кардааст, аз баҳри афкораш дурдонаҳои арзишнок ба хонанда фаровон ҳадя намуд. Муаллифи китоби очеркҳои «Ситораҳои комбинат» (1971), «Хонасозон» (1972), «Шараф ва меҳнат» (1973), «Ситораи Розия» (1980), «Ситораҳои Рахшон» (1985) ва ғайра мебошад.
Хоса симои муосирон – қаҳрамонони ҷодаи заҳматро ботамом мекушод, бо дами гарм дар пайкари жанри очерки бадеӣ ҷон дамондааст. Бобати ривоҷу равнақ бахшидани дўстию ҳамкории синфи коргари Тоҷикистон бо дигар халқҳои шўравӣ ҳанўз соли 1984 ковиши илмӣ анҷом дода, рисолаи номзади илми таърих дифоъ кардааст. Узви ИН СССР аз соли 1980.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи совети тоҷик”. – Душанбе, 1987. – Ҷ.7. – С. 389-390.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҷамолиддин Тошматов ин матолибро метавонед бихонед:
Дўстим – дармоним: Очерклар. – Тошкент, 1970. – 74 с.
Ситораҳои комбинат. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 38 с.
Хонасозон. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 37 с.
Ассалом, Норак. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 97 с.
Роҳи сафед. – Душанбе: Ирфон, 1976. – 31 с.
Ситораҳои дурахшон. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 98 с.
Эстафета дружбы. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 157 с.
Бахтинги қизғанма мендан. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 112 с.
Панди падар. – Душанбе: Ҳумо, 1997. – 78 с.
Саломатлик бойваччаси. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 79 с.
Шифобахш кўллар қиссаси. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 71 с.
Тожик чинисида дўстлик зарраси. – Душанбе: Сурушан, 2001.
– 115 с.
Сарнавишти одамони наҷиб. – Душанбе, 2001. – 68 с.
Норак – шаҳри Нур. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 279 с.
Бунёдкорони Сангтўда. – Душанбе: Адиб, 2009. – 184 с.
Бо азми ду ёр – Сангтўда- 2 тайёр. – Душанбе: Ирфон, 2011. –
168 с.
Ҷамолиддин Тошматов // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе:
Адиб, 2014. – С. 239-240.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ