Рӯзи бузургдошти орифи бузург, Шайх Саъдии Шерозӣ ба кулли дӯстдорони каломи бадеъ муборак бод!
Нашр шуд 2019-04-22 09:58
Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 21 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. «Саъдӣ ҳикмати амалиро ба пойи «кабутари номабар»-и сабукболи тезпарвози шеъру адаби худ баста ва ва онро дар ҳама офоқи забони форсӣ ва маорифи исломӣ карон то карон ба парвоз даровардааст. Агар «Гулистон»-у «Бӯстон» набуд, олами ислом аз маҷмуъае латиф аз ахлоқу ҳикмати амалӣ маҳрум монда буд».
Идомаи матлабро лутфан ин ҷо мутолиа намоед. http://www.kmt.tj/sadiyo-mardi-nakunom-namirad-khargiz