Ҳамоиш бахшида ба солгарди мавлуди Қаҳрамони Тоҷикистон
Нашр шуд 2019-04-22 09:29
Бо ташаббуси шуъбаи Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба бахшида ба 141 – солагии Устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони « Солонаи Садриддин Айнӣ» доир гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов зикр намуд, ки “хизматҳои олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди адабиёти тоҷик басо зиёданд. Маҳз он ҳама хизмату заҳматҳои шоистаи абарустод буд, ки дар ҳамон давроне, ки пантуркистон мавҷудияти миллатеро бо номи тоҷик зери суол мебурданд, бо далоили илмӣ исбот кард ва тоҷикон бо василаи талошҳои вай соҳиби Ватани худ шуданд”.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир шеъри Бозор Собир “Айнӣ” –ро қироат намуд.
Узви вобастаи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Мулоаҳмадов таҳти унвони “Шӯҳрати Айнӣ дар Эрон”, нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар мавриди хизматҳои шоистаи Устод Айнӣ барои халқу миллати тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзуъи “Устод Айнӣ ва зиндагномаи ӯ” шунида шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ташкили чунин чорабиниву нишастҳои илмӣ -адабӣ бахшида ба ёдбуди Устод Айнӣ ҳамасола дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Фарзонаи МИРЗО