Талман Рина Осипова моҳи феврали соли 1944 директори китобхона таъин гардид ва то моҳи октябри соли 1946 дар ин вазифа заҳмат кашид. Ў соли 1903 таввалуд шудааст. Соли 1925 Донишгоҳи педагогии Ростовро хатм карда, дар макотиби ҳамагонии Ростову Дон аз фанни таърих дарс гуфтааст.
Соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон омада, бо ифтитоҳи Китобхонаи марказӣ дар ин ҷо фаъолияташро оғоз мекунад ва ҳаёти хешро пурра ба равнақи кори китобдории тоҷик мебахшад, ба сифати мудири шуъба, муовини директори Китобхони давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ босамар заҳмат кашида, сазовори унвони «Китобдори Шоистаи Тоҷикистон» гардидааст.
Р.О. Талман дар танзиму ба низом даровардани маводи библиографӣ хиштҳои аввалинро гузоштааст. Нахустин феҳристи китобҳоро тартиб дода, ҳамчун мутахассиси варзида дар мураттаб ва таҳияи дастурҳои мухталифи библиографӣ ва маводи методӣ нақш гузоштааст.
Бисёр комёбиҳои дар риштаи библиографияи миллии тоҷик ба дастомада бо номаш сахт марбут аст. Нишондиҳандаҳои библиографии таҳия намудаи ў: «Садриддин Айни», «Мирзо Турсунзода», «Рўдакӣ», «Михаил Лермонтов», «Феҳрасти китобҳои Тоҷикистон», «Шарҳои Тоҷикистон», «Пахтакор бояд чиҳоро хонад?», «Муҳофизати ёдгориҳои мадании Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «НБО Қайроққум», «Дўстии халқҳо» ва ғайра қимати библиографию услубии худро нигоҳ медоранд ва мавриди истифодаи хонандагон қарор гирифтаанд.
Вай аввалин очерки мухтасар ва роҳнаморо ҳанўз соли 1954 дар бораи Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба нашр расонида буд. Аксари кормандони китобхона нозукиҳои касбро аз ў омўхтаанд.
Иқтибос аз Б. Аҳмадов., Ҷ. Раҷабов. Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик, Душанбе. – 2016. – С. 183 – 184.
Таҳияи Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахасиси Маркази такмили ихтисос