Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид...?

 Боварӣ дорам, вақте  мерасад, ки  Падару  Модарон  дар  ҷиҳоздони  фарзандон  ба ҷуз аз  қолину яхдон, чойнику  пиёла, китобҳои  нодиру муқаддасро  мегузорад. Китоб чун  падару модар насиҳатгар, чун  муаллим  сабақомўз аст. Сабақомўзи беғаразу рўшноинамои  мо умри ҷовидон  дорад.

 Гузаштагони  мо фармудаанд: Одам дар  асри худ бояд  ниҳол сабзонад, ҷўй канда об барорад, фарзанд ба камол бирасонад, дўстонро  кобаду  ёбаду  парварад, ба душмани халқи Модар-Ватан  беамон бошад. Сарчашмаи  ҳамаи  панду насиҳатҳо  китоб  аст. Боварӣ дорам, вақте  мерасад, ки  Падару  Модарон  дар  ҷиҳоздони  фарзандон  ба ҷуз аз  қолину яхдон, чойнику  пиёла, китобҳои  нодиру муқаддасро  мегузорад. Китоб чун  падару модар насиҳатгар, чун  муаллим  сабақомўз аст. Сабақомўзи беғаразу рўшноинамои  мо умри ҷовидон  дорад.

 Мардуми  мо аз қадим ба  китоб ихлос доранд. Девони  Ҳофизу  Бедилро ба таги  болини кўдакон мегузоштанд, агарчи бисёриҳо онро хонда наметавонистанд, мақсадашон оқилу доно  шавад, зеро чӣ  тавре, ки  халқ мегўяд. «ақл пешбарандаи давлат  аст»… 

Беҳтарин  ганҷе, ки одамизод  дар ҳаёташ  гирд овардааст, китоб аст…

 Андешаи дигаре дорам: китоби халқ-девонҳо, баёзҳо таърихномаҳо ва намунаи  дигари дасхатҳо дар хонаҳои  мардум  маҳфузанд, ки  бисъёриҳо онро хонда наметавонанд.   Таманно  дорам, ки мардуми ҳимматбаланду китобпарвар ёдгориҳои хаттии  гузаштагонамонро эҳтиёт кунанд ва ё ба китобхонаҳо супоранд. Китобхонаҳо бузургтарин ганҷинаҳои адабии моянд ва ин дастхатҳои нодир дар онҳо омӯхтаву пажӯҳиш мешаванд. Ононе, ки дастнавису китобҳои чопи қадим ва нусхаҳои қаламиро ба Китобхона месупоранд, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ин китобҳо аз ҷониби мутахассисон омӯхта мешаванд, баргардон ва ба миллат пешкаш мешаванд.              

 Тамоми  ашъёи  зиндагӣ бо гузашти рўзгор  фарсудаю бенишон гардад  ҷуз сухан. Инсон ҳамеша ба китоб эҳтиёҷ дорад. Эҳтиёҷи  ў беохир аст. Китоби  нагз маҳсули  тафаккури фарзанди  инсон бошад ва барои  тарбияи завқу  камолоти  вай  ба кор ояд. Беҳтарин  ёдгории инсон, нишонаҳои  гўёи таърихи  аст китоб. Вақти он расидааст, ки ба китоб сабақомўзи инсон аз сангҳои зебои Тоҷикистон ҳайкал  гузорем.

Бузургон дар  бораи  китоб даҳҳо  ҳазор суханҳои  баландмазмун гуфтаанд . Чунончӣ; Мавлоно  Биноӣ  фармуданд:

Ҳамнишине  беҳ аз китоб  махоҳ,
Ки мусоҳиб  бувад гаҳу   бегоҳ.
Роҳатафзои  ҷону роҳати  дил,
Ҳарчи  дилхоҳи туст, аз ў ҳосил.
Инчунин  ҳамдами  латиф  кӣ дид,
Ки на ранҷа  диҳад , на ранҷонад.

Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дўсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор  ва ҳамнишину  ҳамсўҳбати инсон аст. Дар ин маънӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ гуфтаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи  доноӣ  китоб аст.
Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,
Ки доно бе кутуб доност  дар гўр.

Китоб пирояи  хирад ва сармояи  ҳунар  аст. Китоб қувваи  бузург аст ва онро метавон мўъҷиза  номид.

Миҷгона Муродова,

сармутахассиси Маркази

такмили ихтисос

Барчаспҳо: