Рӯзи Президент: Пешвои миллат дар бораи китоб
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он абармардоне ҳастанд, ки барояшон мавзӯи китоб бегона нест. Аз аввалин рӯзҳои президентӣ то ба имрӯз пайваста барои беҳбуди шароит ва маърифати мардуми кишвар кӯшидаанд. Дар остонаи Рӯзи Президент хостем намунаҳое аз фармудаҳои Пешвои миллатро дар бораи китобу китобхонӣ орем. Ин фармудаҳо аз суханрониҳову навиштаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун гирдоварӣ шудаанд ва гумон мекунем ба манфиат аст агар инсон бидонад, ки Сарвари кишвараш дар бораи китоб чӣ андеша дорад ва ба анҷоми кадом корҳое ташвиқ мекунанд, ки миллат соҳибмаърифат шавад.
*** *** *** ***
Ба Ҳукумат ва Академияи илмҳои Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар муддатҳои кўтоҳтарин таҳия ва нашри илмиву академии ба забони адабии ҳозираи тоҷик ва бо дарназардошти хусусиятҳои мазҳаби мо, яъне ҳанафия тарҷумашудаи Қуръони маҷидро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон таъмин намуда, як қисми он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳамчун тўҳфаи Президент ба мардуми кишвар ҳадя карда шавад.
Ҳамчунин супориш дода мешавад, ки чопи комили китоби "Ҳидояи шариф"-и Бурҳониддини Марғелонӣ барои соли оянда ба нақша гирифта шавад.
*** *** *** ***
Бесабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанўз аз даврони ориёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Маҳабҳарата» ва «Авесто» тавсифу ситоиш шудаанд. Арзишҳои ватанпарастиву миллӣ дар замони давлатдории Сомониён дурахшу ҷилои тоза пайдо намуда, рушду такомул ёфтаанд.
*** *** *** ***
Ислоҳоти соҳаи маориф ва бозсозии раванди таълим дар мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ба забони давлатӣ барои рушди пайвастаи забони тоҷикӣ замина ва имкониятҳои воқеӣ фароҳам меорад. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди китобдорӣ дар Тоҷикистон, ки соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул карда шуд, нашри китобҳои бадеӣ ва илмиву оммавӣ, ташкили мағозаҳои китобфурўшӣ, таъмири китобхонаҳо ва нав кардани фонди китоби онҳо шурўъ гардидааст.
*** *** *** ***
Имрўз замоне фаро расидааст, ки барои таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти онҳо тадбирҳои ҷиддӣ бояд андешид. Чунки дастуру китобҳои дарсӣ ва луғатномаҳои нашршуда аз ҷониби масъулин ба таври дақиқ ва зарурӣ назорату баррасӣ намешаванд ва дар таҳияи онҳо бесарусомониҳои зиёде ба назар мерасанд.
*** *** *** ***
Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.
Таърихи миллати куҳанбунёди мо гувоҳ аст, ки ганҷинаи хиради ниёгон, саҳифаҳои муборизаи қаҳрамонона ва талошҳои фидокоронаи гузаштагони сарбаландамон дар роҳи ҳифзи асолати миллӣ, забонӣ ва фарҳангии худ, инчунин кашфиёту шоҳкориҳои беназири илму фарҳанг аз як насл ба насли дигар маҳз тавассути китоб гузашта, то замони мо расидаанд. Дарвоқеъ, китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад. Дар ин маврид беҳуда нагуфтаанд, ки:
Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
*** *** *** ***
Ҳанўз файласуфи аҳди қадим Ситсерон фармуда буд, ки хонаи бекитоб шабеҳи ҷисми берўҳ аст. Инсоният маҳз ба шарофати китоб аз асорати ҷаҳлу нодонӣ баромадааст ва тоҷикон низ аз баракати осори безаволи хаттӣ, ки ниёгони хирадмандамон офаридаанд, ҳамчун миллати фарҳангӣ ва тамаддунофар эътироф шудаанд.
*** *** *** ***
Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд – бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ў ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.
*** *** *** ***
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштам, рўзи оғози сохтмони бинои нави китобхонаи миллӣ, яъне имрўз чоруми сентябр Рўзи китоб эълон карда шавад.
Бигзор оғози сохтмони бинои нави китобхонаи миллӣ ва ба ин муносибат эълон шудани Рўзи китоб ба наслҳои нав завқу илҳоми донишу маърифат, нерўи офарандаву созанда ва ақлу заковати ҷўяндаву навовар ато намояд.
Ин рўзи некро бори дигар ба ҳамаи олимону адибон, ноширону ходимони матбуот ва китобдорону китобдўстон самимона табрик гуфта, барои эҷоди асарҳои баландғоя, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби китоб ҳамчун сарчашмаи беохири донишу маърифат комёбиҳо орзумандам.
*** *** *** ***
Сарчашмаи илму дониши дунё китоб аст. Китоб бояд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири зиндагӣ раҳнамои шумо бошад. Чунончи, дар яке аз ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: "Илм дўсти мўъмин асту адаб мададгор ва ақл раҳнамову амал пешрав, мадоро падару некӣ бародар ва сабр камоли маърифат". Яъне ҳар фарде, ки илм талаб кунад, оқилу хирадманд, ҳалиму меҳрубон мешавад ва ақлаш равшану амалаш пешрав мегардад, дар вуҷудаш меҳру вафо ва некиву накўкорӣ падид меояд, ки ҳамаи ин арзишҳои фарҳангиву ахлоқиро бо сабру таҳаммул метавон ба даст овард.
*** *** *** ***
Ғояҳои баланди инсондўстӣ ҳанўз аз китоби муқаддаси мардумони ориёӣ – Авасто сарчашма гирифта, минбаъд дар осори классикони мо, бахусус эҷодиёти аҳли тасаввуф, китобҳои динӣ ва ғайра сайқали тоза ёфтанд.
*** *** *** ***
Аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт – китоб буд. Хушбахтона, дар тўли асрҳо, ҳатто дар замони ҷангҳои харобиовар ва ҳамлаи душманони фарҳангсўз фарзандони боистеъдод ва баору нангамон хомаро аз даст нагузоштанд ва шоҳкориҳо ба ёдгор монданд.
*** *** *** ***
Бояд корро тарзе ба роҳ монд, ки китобҳои чопшуда дар анборҳо беҳуда нахобанд, ба ниёзмандон чи дар шаҳрҳо, чи дар ноҳияҳо дастрас гарданд, ба марказҳои тоҷикону форсизабонони дунё роҳ ёбанд ва таблиғ шаванд. Китобҳое бояд ба нашр расонд, ки рисолати таърихии миллатро рўшан намоянд, нерўи зеҳниро бедор кунанд, моро ба донишандўзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили мардум барафрўзанд.
*** *** *** ***
Бузургтарин асрори бақову ҳастии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ бо қаламу китоб аст. Бинобар ин, шумо – ҷавонон бояд идомадиҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодони худ бошед ва дили худро бо чароғи илму дониш равшан созед.
*** *** *** ***
Сиришти мардуми мо аз қадимулайём бо илму дониш ва қаламу китоб ҳамеша пайванди ногусастанӣ дошта, китоб ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии аҷдодони мо будааст.
Китоб бузургтарин ганҷинаи ҳастӣ ва мураббиву роҳнамои инсон барои зиндагии оқилонаву фаъолияти босамар мебошад.
*** *** *** ***
Дар замони Сосониён бар асоси алифбои паҳлавии китобӣ алифбои авестоӣ танзим гардид, ки он яке аз комилтарин алифбо дар таърихи осори мардумони ориёӣ маҳсуб мешавад. Алифбои авестоӣ дар ҳифзи куҳантарин мерос ва арзишҳои фарҳангии мардумони ориёӣ-матни Авесто ва забони он нақши бузург бозида, ин мероси арзишмандро аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ дошт.
*** *** *** ***
Гирдоварӣ ва танзими Авестои кунунӣ дар замони Сосониён, дар даврони подшоҳии Ардашери I, Шопури I ва Шопури II дар 21 наск ё китоб анҷом гирифтааст.
*** *** *** ***
Мо вазифадорем, ки таълиф ва нашри китобҳои дарсӣ ва раванди таълими тамоми фаннҳои гуманитарӣ ва иҷтимоиро дар сатҳи баланд таъмин намоем, зеро ин фаннҳо, қабл аз ҳама, забон, адабиёт, таърих, сират ва симои шахсияти миллии мо ва асолату ҳуввияти моро ташаккул медиҳанд.
*** *** *** ***
Миллати мо дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти худ шаҳрҳои обод, қалъаҳои овозадор, ибодатгоҳҳои қадима, китобхонаву ганҷинаҳои беназири фарҳангиро дар коми оташу харобӣ бохтааст, вале иродаи матини абармардони он бар хилофи хостаҳои бисёр душманон ва истилогарони нерўманд, ки ному нишони миллати тоҷикро аз саҳнаи таърих рўфтан мехостанд, пойдору бегазанд мондааст.
*** *** *** ***
Дар марҳилаи имрўза вазифаи навбатии олимону мутахассисон ва адибону омўзгорон таҳия ва нашри китобҳои дарсие мебошад, ки дастовардҳои илми муосир, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва арзишҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ, рамзу оинҳои давлатдорӣ, қадр намудани истиқлолияти давлатӣ, волоияти қонун, эҳтироми меъёрҳои умумии ҳуқуқи инсон ва дигар паҳлўҳои ҳаёти гузашта, имрўза ва ояндаи моро фаро гиранд.
*** *** *** ***
Ниёзмандии мардуми мо ба китобу маориф аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳилаи имрўзии рушди ҷомеа ва истиқлолияти миллӣ бештар эҳсос мегардад. Соли гузашта танҳо нашриёти «Адиб» аз ҳисоби маблағҳои фонди эҳтиётии Президент беш аз ҳаштод номгўй китобро аз чоп баровард.
Имсол низ ман тасмим гирифтам, ки ин ташаббус идома ёбад. Бинобар ин, барои чопи китобҳои адибони тоҷик 500 ҳазор сомонӣ ҷудо намудам.
*** *** *** ***
Табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷўҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ташкил диҳад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рўзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рўзи китоб муқаррар карда шавад.
Ҳоло дар назди Вазорати маориф доир ба таҳияи китобу барномаҳои таълимӣ гурўҳи корӣ ташкил гардида, кор дар ин самт оғоз шудааст. То имрўз бештар аз 20 номгўи китобу барномаҳо таҳия ва барои нашр пешниҳод гардидаанд.
*** *** *** ***
Ҳарчанд ки дар давраи истиқлолият дар масъалаи беҳтар гардидани вазъи дўконҳои китобфурўшӣ, дастрасӣ ба китобҳои тозанашри таълимӣ, асарҳои бадеиву илмӣ ва матбуоти даврӣ дар шаҳру ноҳияҳои мухталиф, аз ҷумла дар пойтахти кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба назар мерасад, аммо бояд гуфт, ки ҳанўз ҳам аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баъзан калонсолон бо маҳбубияти хоса истифода гардидани китоб ва маводи илмиву эҷодӣ ба таври зарурӣ ба назар намерасад. Ин дар ҳолест, ки китоб ҳамқадами доимии миллати куҳанбунёду фарҳангии мо дар тамоми давру замонҳо, беҳтарин дўст ва манбаи азбар кардани илму дониш маҳсуб гардида, мардуми моро ба олами рангоранги маънавиёт ҳидоят кардааст.
Ҳар яки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ақлу заковат ва хиради созанда бе мутолиаи китоб ва омўхтани илму дониш ба даст намеояд. Зеро мураббии ҳамаи устодони олам китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омўзгори беминнат хизмат намуда, инсонро ба ростиву росткорӣ, некиву накўкорӣ, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамоӣ мекунад.
*** *** *** ***
Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳониён миллати моро, пеш аз ҳама бо китобу хомааш мешиносанд. Осори беш аз ҳазорсола ва аз ин ҳам қадимтари илмиву таърихӣ ва фалсафию адабии аз гузаштагонамон меросмонда саҳми бузурги миллати мо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ мебошад.
Маҳз ҳамин асолати деринаи расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити имрўза ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба сатҳи баланди таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шавем, то оянда низ чунин ворисони номбардори миллатамонро ба воя расонида, рушди босуръату устувори илму донишро дар кишвар таъмин созем.
*** *** *** ***
Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд. Ман имрўз ба иттилои шумо мерасонам, ки дар тўли фақат панҷ соли охир дар мамлакат 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дўконҳои китобфурўшӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, ки бо тамоми шароити муосир яке аз махзанҳои бузурги илму дониш мебошад, инчунин Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуд.
*** *** *** ***
Дар ояи 185-уми сураи «Бақара» омадааст: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар кӣ аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад ва ҳар кӣ бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чӣ имкон надошт, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».
*** *** *** ***
Қайд кардан зарур аст, ки вақтҳои охир ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи адабиёт ва нашри китоб хеле авҷ гирифтааст. Ҷидду ҷаҳди онҳо ба барқарор сохтани равобити адабию фарҳангӣ назаррас мебошад. Дар баробари ин ҳаҷми хариду фурўши китоб дар байни мамлакатҳои ИДМ коҳиш ёфтааст. Хусусан мубодилаи байнидавлатии китобҳо ба забонҳои миллӣ амалан аз байн рафтааст. Ҳаҷму миқдори иттилоот ва маълумот дар бораи китобҳои нашршаванда, асарҳои нав ва асарҳои муаллифони боистеъдод хеле маҳдуд буда, барои қисми зиёди аҳолӣ дастнорас гардидааст.
*** *** *** ***
Ман ба Шўрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод кардам, ки соли 2008 Соли адабиёт ва китобхонӣ эълон карда шавад. Ин пешниҳод идомаи анъанаҳои пештараи барқарор сохтани китобхонӣ дар шароити имрўза, дастгирии равнақу ривоҷи адабиёти миллӣ, тарҷумаи китоб, паҳн кардани он, ҳамкории китобхонаҳо, нашри асарҳои беҳтарини бадеӣ, илмию маърифатӣ, фалсафӣ, таърихӣ, адабиёти бачагонаю ҷавонон ва ғайраро пешбинӣ мекунад.
*** *** *** ***
Арзишҳои маънавие, ки инсоният аз ибтидои шинохти хеш ба онҳо рў овардааст, ҳамеша дар сурати рисола ё китобе дарҷ мешуданд. Эътиқоду эҳтироми мардуми мо ба китоб аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа боз ҳам бештар эҳсос мегардад.
*** *** *** ***
Ташкил ва истифодаи китобхонаҳои электронӣ, барқарор намудани робитаи иттилоотӣ бо китобхонаҳои ҷаҳонӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии дохиливу хориҷӣ, инчунин истифода аз имконоти шабакаи интернет қонеъкунанда нест.
*** *** *** ***
Ҳарчанд солҳои охир сифати таълим ва таъминоти мактабҳои ноҳия бо китобҳои дарсӣ хеле беҳтар шудааст, вале то ҳанўз норасоии кадрҳои омўзгорӣ, нарасидани мизу курсиҳо, таҷҳизоти мактабӣ ва ашёву асбобҳои таълимӣ низ ба мушоҳида мерасад.
*** *** *** ***
Мардуми фарҳангдўсту соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём бо қаламу китоб ва илму дониш сарукор доштаанд ва бузургтарин мероси маънавии онҳо ба мо – ворисонашон низ ҳамин қаламу китоб мебошад.
*** *** *** ***
Маҳз асолати деринаи расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити инқилоби навини илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсон ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба пешбурди сатҳи таълиму тарбияи насли имрўзу фардои кишварамон муваффақ гардем.
*** *** *** ***
Гирдоваранда Меҳрангез Наврӯзшоева