Ҷалби хонанда ба китобу китобхонӣ. КОВИД монеъ нест

Аз оғози соли таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар аз як моҳ гузашт ва Китобхонаи миллӣ ҳам аз рӯз ба рӯз серхонандатар шуд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар бори аввал қадам ба ин боргоҳи  маърифат мегузоранд ва худро ба узвияти Китобхонаи миллӣ номнавис мекунанд, соҳиби корт мешаванд ва роҳашон ба толорҳои хониш боз мегардад.

Китобхонаи миллӣ анъанаҳо ва таҷрибаҳои зиёд ба ҷалби хонандагон дорад, ки яке аз онҳо ҳамасола чандин бор ба ин ё он муносибат эълон шудани “Рӯзи дарҳои боз” мебошад. Яке аз ин дарҳои боз дар оғози моҳи сентябр, ки Рӯзи дониш аст, ба муддати се рӯз идома мекунад. Дар ин рӯз ҳар хоҳишманд имкон дорад бе ягон монеъа вориди Китобхона шавад ва бо ёрии роҳбаладон бо толорҳои хониш, осорхонаҳои китоб, намоишҳои китоб аз наздик шинос шавад, таърихи китобхонаро аз забони роҳбалад бишнавад, ба низоми вуруд, ҷустуҷӯи китоб ва фармоиши он ошно шавад. 

Ҳарчанд ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо барои ҷалби хонандагон ба Китобхонаи миллӣ судманд аст, кормандони ин боргоҳ бо ин қонеъ набуда, барои боз ҳам бештар муаррифӣ кардани Китобхона ва ҷалби хонандагон тадбирҳои дигар ҳам меандешанд, ки яке аз он чопу паҳн кардани варақаҳо, китобчаҳо ва дастурҳои мухталиф мебошад. 

Танҳо дар як ҳафтаи охир 842 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки баъди рӯзҳои камхонандаи КОВИД-19 баландтарин сатҳи талош барои узвият дар Китобхонаи миллӣ мебошад.

Чуноне аз расмҳои ҳамкорамон Хусрави Милод пайдост, ки ҳар рӯз даҳҳо нафар ба ин остон қадам мегузоранд ва мунтазири навбати худ барои узвият дар Китобхона мешаванд.

Қудумашон хуш бод!

Меҳринисо Гадоева, корманди шуъбаи