Зикри шароитҳои мусоиди Китобхонаи миллӣ дар мулоқот бо хонандагон

Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ тибқи барномаи “Даъват ба Китообхона” дар се мактаби ноҳияи Исмоили Сомонӣ: мактабҳои таълимоти ҳамагонии рақамҳои 12, 34 ва 44 бо хонандагону устодон мулоқот карданд.
Дар ҳар мулоқот дар ин мактабҳо хонандагони синфҳои 9-11 даъват шуда буданд, ки теъдодашон бештар аз 200 нафар буд. 
Дар мулоқотҳо сармутахассиси шуъба Назира Толибова дар бораи ҳадафи ин даъватҳо ва зарурати рафтан ба китобхона ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки китобро метавон дар хона ё мактаб ҳам хонд, вале шароитҳои муҳайёшуда дар Китобхонаи миллӣ хеле муносиб ва ҳаминзамонианд.
Мутахассиси шуъба Нилуфар Ҷабарзода дар бораи таърихи Китобхона, дирўз ва имрўзи он маълумоти муфассал дод.
Мутахассиси пешбари шуъба Файзиддин Қурбонов оид ба варақаҳои таблиғотӣ ва сайёҳат дар Китобхона суҳбат кард ва  Мехрангез Наврузшоева оиди бахши кӯдакон ва наврасон маълумоти мухтасар пешкаш намуд.
Дар ҷараёни суҳбат дар бораи давраҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ, мавҷудияти китобфурӯшӣ дар Китобхона, китобҳои электронӣ ва шеваҳои истифода аз онҳо маълумот дода шуд.
Сипас, ба хонандагон  варақаҳои таблиғотӣ доир ба Китобхона, хизматрасониҳои пулакӣ ва Марказҳои забономўзӣ тақдим карда шуд,  ки ин диққати хонандагонро бештар ба Китобхона ҷалб намуд.  Дар поёни нишастҳо кормандони Китобхона ба пурсишҳои хонандагон посух медоданд.