Аввалин воситаи таълим оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расид

Интишороти «Контраст» дар шаҳри Душанбе аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёрро бо забони русӣ ба нашр расонд.

Муаллифи китоб доктори илмҳои таърих, мушовири калони  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.

Китоби таълимӣ аз чор боб иборат буда, давраи аз соли 1991 то соли 2017 – ро дар бар мегирад.

Боби аввал

Дар ин асар иқтидори сиёсати хориҷии кишвар, таҳаввулоти доктринаи он, хусусиятҳои механизми қабули тасмимот дар ин бахши фаъолияти давлат ва ҳадафу самтҳои дипломатияи иқтисодии тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Ба китоб доктори илмҳои таърих, профессор Е.П. Бажанов, номзади илмҳои таърих М.С. Иманалиев, доктори илмҳои таърих, профессор Б.К. Султанов тақриз навиштаанд.  

Ин воситаи таълимӣ барои омўзгорон, унвонҷўён ва донишҷўён муфид хоҳад буд.

Барои ҳамаи азизоне, ки мехоҳанд бо китоб ошно шаванд ва мутолиа намоянд, шакли электронии онро ин ҷо мегузорем.

Боргирӣ. ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Барчаспҳо: