Ҳунарманди маъруф Абдулҳафиз Қодирӣ ҳафтодсола шуд
Нашр шуд 2018-02-19 18:29
Коргардон, ҳунарманд, дромнавис Абдулҳафиз Қодирӣ ниёз ба муаррифӣ надорад. Аз ҷумлаи беҳтарин ҳунармандони икшвар аст, ки дар рушди санъат хизматҳои шоиста кардааст. Абдулҳафиз Қодирӣ инак ба синни мубораки 70 қадам гузошт. Месазад, ки бо истифода аз Энсиклопедияи санъати тоҷик гузаштаву имрӯзи ӯро варақ занем.
Қодирӣ Абдулҳафиз 13 феврали соли 1948 дар деҳаи Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Актёр ва коргардони тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон (1990).
Шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии ш. Москва (ГИТИС)-ро соли 1971 ва шуъбаи режиссёрии ҳамин Донишкадаро соли 1980 хатм кардааст.
Ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (солҳои 1971-1976), сарежиссёр ва роҳбари бадеи (солҳои 1981-1995), директори Театри мазкур аз соли 1995.
Дар тўли 30 соли фаъолияти эҷодӣ Қодирӣ зиёда аз 40 асари гуногунмазмуни драматургони хориҷӣ ва муаллифони тоҷикро рўи саҳна овардааст, ки «Якпула савдо, садпула ғавғо»-и У. Шекспир, «Ҷонфидо»-и М.Каримов, «Ҳамин тавр ҳам мешавад”-и А. Папаян, «Торҳои муҳаббат”-и Қутбӣ Киром, «Саргузашти Ҳотами Той»-и Ҷумъа Қуддус, «Таронаҳои муҳаббат»-и Н. Мирошниченко, «Умед», «Ҳукм»,» Фиғон аз қарнҳо», «Сархўрони ғарбелбадаст» (ҳама аз Ш. Солеҳ). «Умри ҷовид». «Хуршедсавор” (аз А. Сайфуллоев), «Марги ду тан»-и И. Насриддин. «Нахоҳам иллати миллат»-и М. Холов аз ҷумлаи онҳоянд.
Абдулҳафиз Кодиров худ низ ба драмнависӣ машғул аст. Ба қалами ў асарҳои «Падари миллат», «Олами вуҳуш», «Изтироб» ва ғайра тааллуқ доранд, ки дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.
Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон аст.
Бозчоп аз Эсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 2004. – Ҷ.1. – С. 423.
Аз Абдулҳафиз Қодирӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт ва мутолиа аст:
Комсомол- ҳамрози театр: Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 27 декабр.
Тавсифи қаҳрамони даври мо: Дар бораи мавсими нав дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 25 сентябр.
Гиреҳҳои нокушода: Проблемаҳои Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 7 май.
Қодир, А. Кўдакон кўдак будан намехоҳанд: Мусоҳибаи И.Усмонов бо саррежисёри Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов Абдулҳафизи Қодир // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 28 март.
Қодир, А. Дардҳоро дармон бахшем: Мусоҳибаи Ҷ.Фозилзода бо саррежисёри Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов Абдулҳафизи Қодир // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 14 май.
Қодирӣ, А. Аз филмҳои охир ба навор гирифтагӣ рози набудам: Сўҳбати хабарнигор бо Ҳунарманди театри давлатии ҷавонон Абулҳафиз Қодирӣ дар ҷашни 60- солагӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2008. – 13 феврал.
Қодирӣ, А. Тамошобин имрўз осори сустро намепазирад: Мусоҳибаи рўзноманигор бо Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ // Чархи гардун – 2008. – 14 феврал.
Таҳияи Маҳбуба Амонова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.