Дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-02-26 11:25
Дирӯз дар Китобхонаи милли ба истиқболи баҳор рӯзи ободонӣ буд. Аз сари субҳ кормандон гирду атрофи бинои китобхонаро тоза карданд, сабзаҳои хушкидаро аз ҳотаи он чиданд, ҷӯйборҳоро тоза намуданд. Ба дарахтон об монданд, бехи гулҳоро нарм карданд. Хазони сари роҳу дохили ҳотаро тоза карданд.
Муҳимтар аз ҳама имрӯз ҳам чун анъанаи солҳои пеш барои саҳну ҳотаи Китобхонаи миллӣ чанд дарахти нав оварда шинонданд, ки ба ҳусни он ҳусни тоза зам намуд.
Таваҷҷуҳ ба ободонии Китобхона сол ба сол меафзояд. Ҳота ва саҳни бинои китобхонаро бештар аз 600 дарахтони гуногун оро медиҳанд. Танҳо соли гузашта бештар аз 50 адад дарахти коҷ шинонда шуд, ки хуб нашъунамо ёфт.
Аксҳои зер аз ҳашари дарахтшинонӣ дар Китобхонаи миллӣ, ки ҳамкорамон Хусрави Милод аккосӣ кардааст.