Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ
Нашр шуд 2020-02-05 11:54
Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашри дуюми иловадори китоби дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар ҳаҷми 640 саҳифа ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи кишвар дар арсаҳои мухталиф ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ – бахшида шудааст.
Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва, умуман, доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Шакли электронии «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ».