Чунин ном дорад маҷмуъи мақолаҳое, ки Қурбоналӣ Бӯризода мураттаб кардааст. Маҷмўаи «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» инъикоси эҷоди масоили назарӣ, методӣ, амалӣ ва таълимии равандҳои инноватсионии соҳаи китобдориро дар худ таҷассум намудааст. Нашри мазкур дар раванди омўзишу баррасии масъалаҳои азхуднамоии навгониҳои инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ҳамчун маводи илмию таълимӣ хизмат хоҳад намуд.
Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашри дуюми иловадори китоби дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар ҳаҷми 640 саҳифа ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи кишвар дар арсаҳои мухталиф ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ – бахшида шудааст.
15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири машҳури Чини кадим Лао-Сзи бо номи “Дао дэ сзин. Китоби роҳ ва фазилат” чоп шуд. Мураттиби китоб сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.
«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб
Ин китоби тозавуруд, чуноне аз номаш пайдост, дар бораи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки дар шакли кутоҳшудаи СҲШ ифода мешавад. Ва табиист, ки ба таърих ва фаъолиятҳои ин созмон аз замони таъсисаш то ба кунун бахшида шудааст.
Муаллифи китоб Маҳмадамин Оймаҳмадов талош кардааст як услуби содаву даркаш осонтарро ба кор барад, то хонанда тавонад ба осонӣ марҳилаҳои рушди ин Паймони байналмилалриро бифаҳмад.