Китоби нав: “Шанхайская организация сотрудничества”

 Ин китоби тозавуруд, чуноне аз номаш пайдост, дар бораи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст, ки дар шакли кутоҳшудаи СҲШ ифода мешавад. Ва табиист, ки ба таърих ва фаъолиятҳои ин созмон аз замони таъсисаш то ба кунун бахшида шудааст.

 Муаллифи китоб Маҳмадамин Оймаҳмадов талош кардааст як услуби содаву даркаш осонтарро ба кор барад, то хонанда  тавонад ба осонӣ марҳилаҳои рушди ин Паймони байналмилалриро бифаҳмад.

 Китоб аз сарсухан ва 11 боб иборат аст ва фаъолиятҳои созмонро аз нахустин соли рӯйи кор омаданаш то ба имрӯз дар бар мегирад.

 Муаллиф боби аввали китобашро ба сабабҳову омилҳои пайдоиши СҲШ бахшидааст ва дар ин боб вазъи замонро баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави кишварҳои узв ба риштаи таҳлил кашидааст. Ӯ ба ин назар аст, ки маҳз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақаро водор кард дар талоши таъсиси паймони наве шаванд, ки ҳамкориҳои иқтисодии минтақавиро тақвият бахшад,

 Дар китоб роҷеъ ба ҳамаи иҷлосу ҳамоишҳои созмон муфассал маълумот дода шудааст.

  Дар бобе сохтори ин созмонро таҳлил кардааст ва дар боби дигар роҷеъ ба ҳамкориҳо дар доираи СҲШ сухан рафтааст.

 Мутолиаи ин китоб барои ҳама пажӯҳишгарон, муаррихон,  кормандони пажӯҳишгоҳҳо, донишҷӯён, кормандони вазорату идораҳо судманду муфид аст.

 Китобро метавонед аз ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ фармоиш диҳед ва мутолиа намоед.