БАҲМАНЁР Сулаймонӣ. “Ҳазор ҳикмати ҳакимон”

 Инсоният  аз  нахустин  рўзҳои  шинохти  хеш   ба  андешаи  ноб  ниёз  дорад  ва  умедвор  аст,  ки   матолиби  дарккардааш  манфиати  миллӣ   дошта   бошта  бошанд. Аз  ин  рў, дар ҳама  давру замон афроди  алоҳида  талош  меварзанд, ки  шахси  фаромарзӣ   бошанд. Тамоми  аҳдоф  ва  хоҳишоти  мусбии  инсон  он   гоҳ  дар  амал   татбиқ  мегарданд, ки  худи   шахс  болотар  аз  хоҳишҳои  аразиаш   қарор  гирад  ва он  гуна  андешаи  дурбин   дошта бошад,  ки  дар хотираи  наслҳои  имрўзу  оянда  чун  симои  рўбарўи  оина  ҳамеша  равшану  мунаввар  боқӣ   монад.

 Барои   ба  ин  дараҷа  расидан  шахсро  лозим  меояд,  ки  таърихи гузаштаро мунсифона, аз бар карда, имрӯзаро хайрандешона аз рӯи адолат  баҳо диҳад ва дар заминаи ин таҷрибаи ғанӣ ояндаи    ояндаи  дурусту  босуботро  бисозад. Ҳама  ин   гуфтаҳо  далолат  бар  он  мекунанд, ки инсон  аз   аслу  ҳақиқат  он  гоҳ  бохабар  мегардад ,  ки  қимати  онро  донад,  чун  қимат  дониста  шуд, арзиш  муаяйн  мегардад  ва  ин  матраҳ  гардид, инсон  метавонад  омирона  уҳдадориҳояш  танзим  намояд.

 Дар  ин  маҷмўа  намунаи  ҳикматҳо  аз  таълифоти  беҳтарин  мутафаккирони  макотиби  гуногуни    андешамандони  Шарқу  Ғарб гирдоварӣ  шудаанд, ки  барои  баланд  бардоштани  ҳисси  худшиносӣ, бедории  фикрии   шахс  ва  пос  доштани  арзишҳои  миллию  умумибашарӣ  мусоидат  мекунанд.

 Бовар  дорем, ки  китоби  мазкур  мавриди  истифодаи  наслҳо  ва  қишр    ҳои  гуногуни  ҷомеа   қарор   мегирад  ва  хонандаи  арҷманд аз  он  манфиати  зиёд  ҳосил  менамояд.

 Ин чанд сатр аз муқаддимаи китоби “Ҳазор ҳикмати ҳакимон” иқтибос шуд. Идомаро шумо худ метавонед бихонед. Ин китоб ҳоло дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас аст.

Меҳрангез Муҳаббатова,

Шуъбаи такмили ихтисос.

Барчаспҳо: