Як соли Маркази такмили ихтисос

            Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 фаъолият намуда ба якчанд дастовардҳо ноил гардид. Барои гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ ва сайқал додани дониш 299 нафар донишҷўёни макотиби олӣ, коллеҷу литсейҳои пойтахт ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон сафарбар  гардиданд.

           Курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос мутобиқи дархости МД «До­нишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» (7 нафар), Донишкадаи Давлатии Тиҷоратии Тоҷи­кис­тон (4 нафар) ва аз Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ (8 нафар) ба курси такмили ихтисос ҷалб карда шуданд;

           Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи барномаи «Асосҳои лоиҳасозӣ» - 15 нафар ва «Феҳристнигорӣ» - 28 нафар ҷалб гадида  ба онҳо сертификати тахассуси дода шуд.

           Дар асоси супоришҳои дирктори китобхона якчанд барномаҳои бозомўзӣ омода шуданд. Аз ҷумла:

          -Барномаи «Асосҳои лоиҳасозӣ» дар ҳаҷми 48 соат;

          -Барномаи «Феҳристнигорӣ» дар ҳаҷми 72 соат;

          -Барномаи таълимии курси такмили ихтисоси «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти иловагии касбӣ дар ҳаҷми 48 соат;

          -Барномаи курси кўтоҳмудатти омўзишии сайёри «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 36 соат;

          -Барномаи курси бозомўзии такмили ихтисоси «Фаъолияти ки­тобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои донишкада­ҳои олӣ ва китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ дар ҳаҷми 56 соат. Шунавандагон дар курсҳо ширкат варзида, бо табодули таҷриба дараҷаи тахассусии хешро боло бурданд.

            Маркази такмили ихтисос бо ҳамбастагӣ бо шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ 77 нафар кормандонро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намуданд.

           Кормандони Китобхона барои такмили донишҳои тахасуси курсҳои такмили ихтисоси бурунмарзӣ фиристода шуданд:

          - ба Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳрҳои Остона ва Алмаато) дар  кур­си «Барои таъмир ва тармими ҳуҷатҳо» ва дар конгресси байнал­милалии хониши «Фарҳанги хониш дар дунёи муосир» 2 нафар (аз 12 то 14.09.2018);

          - ба Ҷумҳурии Ўзбекистон шаҳри Тирмиз дар конфронси байналмилалии «Китобдорони Авру Осиё» (1 нафар) ва дар 8-умин семинари байналмилалии «Технологияи нави ҳифзи осори чопии таърихӣ» дар Ҷумҳурии Арманистон (1 нафар);

           - ба конфронси баналмиллалии  таҳти унвони «Осиёи марказӣ 2018: «Захираҳои иттилоотии китобхонавӣ дар илм, маориф ва тиҷо­рат» Ҷумҳурии Узбекистон (1 нафар) ва дар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Навовариҳо дар китобхонаҳои миллӣ ҳамчун асос барои тағйироти мусбат ва гарави рушди муваффақ» ба муносибати 95- солагии Китобхони миллии Озорбойҷон (шаҳри Боку, 1 нафар).

          Дар вилояти Суғд курси кўтоҳмуддати сайёри такмили ихтисоси «Фаъолияти китобдорӣ-ит­ти­лоотӣ» (дар ҳаҷми 36 соат) бо 64 нафар кормандони китобхонаҳои 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд.

         Барномаи таълимии курси такмили ихтисоси таҳсилоти иловагии касбии «Фаъолияти китобдорӣ-итти­лоотӣ» ба кормандони ки­тоб­хонаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии То­ҷикистон дар ҳаҷми 62 соат ва Барномаи курси кўтоҳмуддати омў­зи­ши сайёри «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони ки­тобхонаҳои давлатӣ-оммавии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 36 соат амалӣ гардид.

         Дастури услубии «Созмондиҳии махфил­ҳои адабӣ дар китобхонаҳо» омода ба чоп аст.

          Марказ бо китобхонаҳои соҳавии ҷум­ҳурӣ, аз ҷумла бо китобхонаи илмӣ тиббии донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳте­мур, Донишгоҳои давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии То­ҷи­кистон ва ғайра оиди баланд бардоштани донишҳои касбии кормандони китоб­хонаҳо ва омўзиши таҷрибаи пешқадам  ҳамкорӣ намуд.

        Як семенари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Ис­ти­фодаи навгониҳои технологияи муосир дар фаъолияти китобхона­ҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд.

         Дастури услуби «Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ ва таъмиру тармими китобу ҳуҷҷатҳо» (Маводи ёрирасон барои кормандони китобхонаҳои дав­латӣ- оммавӣ) аз чоп баромад.

            Маркази такмили ихтисос дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кадрҳо барои баланд бардоштани савияи тахасусии кормандони  нав ба кор омада ба курсҳои бозомўзӣ  курсҳои тахассусии фаро гирифт.

             Фонди моводи таълимию методӣ доир ба соҳаи китобдорӣ- иттилоотӣ, созмондиҳи дасгоҳи маълумотди­ҳию библиографии чопию электронӣ, ҷамоварӣ ва бунёд карда шуд, ки  он 338 маводи чопиро дар бар мегирад.

Бо ташаббуси Марказ маҳфили адабӣ-бадеӣ бахшида ба эҷодиёти Нависандаи Халқии Тоҷикистон барандаи ҷойизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулоҳи Рўдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо баргузор шуд.

Барчаспҳо: