такмили ихтисос.

БАҲМАНЁР Сулаймонӣ. “Ҳазор ҳикмати ҳакимон”

​ Инсоният  аз  нахустин  рўзҳои  шинохти  хеш   ба  андешаи  ноб  ниёз  дорад  ва  умедвор  аст,  ки   матолиби  дарккардааш  манфиати  миллӣ   дошта   бошта  бошанд. Аз  ин  рў, дар ҳама  давру замон афроди  алоҳида  талош  меварзанд, ки  шахси  фаромарзӣ   бошанд. Тамоми  аҳдоф  ва  хоҳишоти  мусбии  инсон  он   гоҳ  дар  амал   татбиқ  мегарданд, ки  худи   шахс  болотар  аз  хоҳишҳои  аразиаш   қарор  гирад  ва он  гуна  андешаи  дурбин   дошта бошад,  ки  дар хотираи  наслҳои  имрўзу  оянда  чун  симои  рўбарўи  оина  ҳамеша  равшану  мунаввар  боқӣ   монад.

 

Як соли Маркази такмили ихтисос

            Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 фаъолият намуда ба якчанд дастовардҳо ноил гардид. Барои гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ ва сайқал додани дониш 299 нафар донишҷўёни макотиби олӣ, коллеҷу литсейҳои пойтахт ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.