Ёддошти ҳаким Абӯалӣ ибни Сино: “Вакте ки ба китобхона дохил шудам, ҳавлие дидам бисёр васеъ ва калон, ки дорои хонаҳои зиёде буд. Дар хар хона сандукҳои пур аз китоб меистоданд, ки китобҳоро бо назму тартиб дар онҳо чинда буданд. Яке аз хонаҳои махсуси китобҳои арабӣ ва шеър, дигаре оид ба фиқҳ ва хамчунин хар як хона ба китобҳои ҷудогона хос буд. Феҳристи китобҳои гузаштагонро мутолиа мекардам ва ҳар якро, ки мехостам, мегирифтам. Китобҳои гуногуне, ки ман дар он чо дидам ва хондам, касе ҳатто номи онҳоро нашунида буд. Ман низ то он вақт надида будам ва баъд аз он ҳам надидам»
Хонандаи арҷманд шояд дарёфт, ки сухан аз Китобхонаи давлати Сомониён меравад. Китобхонае, ки яке аз хонандагони он ҳакиме чун Ибни Сино буд. Ва ин ҷо чанд ҳарф аз ин Китобхона хоҳем гуфт.
Китобхонаи Сомониён, китобхонаи давлати Сомониён дар Бухоро. Дар он нодиртарин китобҳо ҷамъовари шуда, аз рӯи соҳаҳои гуногуни илм дар дохили сандукҳои махсус андаруни ҳуҷраҳои алоҳида нигоҳ дошта мешуданд.
Китобхонаи Сомониён феҳристи мукамале дошт, ки дар он ғайр аз китобҳои ба забонҳои эронӣ (форсии дарӣ, паҳлавӣ, суғдӣ ) таълифшуда , китобҳои юнонӣ, яҳудӣ, чинӣ ва ҳиндӣ низ нигаҳдорӣ мешуданд.
Захираи Китобхонаи Сомониён бо роҳи хариди китобҳо, вақфу ҳадяи онҳо аз ҷониби ашхоси алоҳида ва эҷоди аҳли илму адаб такмил мегардид.
Абӯалӣ Ибни Сино, ки соли 997 Нўҳ ибни Мансурро (976-998) муолиҷа карда, ба Китобхонаи Сомониён роҳ ёфта буд ва чунин навиштааст: «Вакте ки ба китобхона дохил шудам, ҳавлие дидам бисёр васеъ ва калон, ки дорои хонаҳои зиёде буд. Дар хар хона сандукҳои пур аз китоб меистоданд, ки китобҳоро бо назму тартиб дар онҳо чинда буданд. Яке аз хонаҳои махсуси китобҳои арабӣ ва шеър, дигаре оид ба фиқҳ ва хамчунин хар як хона ба китобҳои ҷудогона хос буд. Феҳристи китобҳои гузаштагонро мутолиа мекардам ва ҳар якро, ки мехостам, мегирифтам. Китобҳои гуногуне, ки ман дар он чо дидам ва хондам, касе ҳатто номи онҳоро нашунида буд. Ман низ то он вақт надида будам ва баъд аз он ҳам надидам»
Китобхонаи Сомониён дар инкишофи илму фарҳанги халки точик накши бузург доштааст . Аммо он бар асари сухторе аз байн рафт, ки сабаби онро мухаққиқони имрўза авҷ гирифтани ҷараёнҳои иртиҷоии динӣ медонанд .
Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум) ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии тоҷик чоп шудааст.
Таҳияи Зебинисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.