Навад соли профессор Бароат Ҳоҷибоева

Замистони сарди соли 2016 қалби яке аз олимони маъруфи кишвар, модари Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона, профессор Бароат Ҳоҷибоева аз задан бозмонд. Олими шинохта аз баҳори 88-уми умр гул мечид, ки миқрози аҷал таноби умраш бибурид.

Бароат Абдураҳимовна хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи донишгоҳи давлатии Хуҷанд), омӯзгори забон ва адабиёти русӣ дар мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Ленинобод, сарварии қисми таълим, ҳамзамон сармуаллими кафедраи адабиёти рус ва хориҷа (1958-63), и.в. ноиб ректор оид ба илм (1970), ноиб ректор оид ба таълим (1971) сармуаллим дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа (1963-76), мудири кафедраи усули таълими забон ва адабиёти русӣ (1976-90), профессори кафедраи амалияи амалияи нутқи даҳонӣ ва хаттии факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (1990-2003) ба шумор мерафт.

Аз соли 2003 ба ҳайси профессор –мушовир ифои  вазифа мекард. Соли 1968 дар Маскав дар мавзӯи «Омӯзиши лирика дар дарсҳои адабиёти рус дар мактаби тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи бештар аз 150 асар бахшида ба масоили адабиёти рус ва робитаи мустақили он бо адабиёти тоҷик мебошад. Раҳнамоҳои таълимӣ-методии муаллима имрӯз яке аз сарчашмаҳои муҳими таълим барои шогирдонашон, пасовандону алоқамандони адабиёти рус ба ҳисоб меравад. Ҳамин заҳмату меҳнати шабонарӯзии дар ҷодаи илм ба анҷом расонидаи прфессор Бароат Абдураҳимовна боиси он гардид, ки китоби арзишманди «Пушкин ва Шарқ» медали тиллоии Пушкинро соҳиб гардад.

Хидматҳои арзандаи профессор Бароат Абдураҳимовна бо медалҳои «Барои шуҷоати меҳнатӣ», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ба муносибати садсолагииру таваллуди В.И.Ленин», «Барои меҳнати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.

 Бо қарори Шӯрои муассисони Донишгоҳи гуманитарии шаҳри Москва устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, профессор Бароат Ҳоҷибоева бо мукофоти ба номи нависанда ва шоири бузурги рус Иван Бунин, ба олимон адабиётшиносон ва суханшиносони забони русӣ барои хизматҳои шоиста ва назаррас дар ҷодаи тарғиби фарҳанг ва пажӯҳиши илмию адабӣ супорида мешавад, сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон бо қарори Шӯрои донишгоҳи номбурда олимаи тоҷик бо медали ифтихории Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Алия Молдогулова, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои ҷангии зиёде нишон дода, қаҳрамонона ҳалок гаштааст, қадрдонӣ гардид. 

Бароат Ҳочибоева нахустин шахсест, дар байни олимони Осиёи Марказӣ соҳиби ин ҷоиза гардидааст.  

Дар китоби  «Арбобони илми тоҷик (асри XX-аввали асри XXI)». –  Душанбе, 2018. Дар бораи Бароат Абдураҳимова мехонем:

Бароат Абдураҳимовна 27 ноябри соли 1928 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Педагог, профессор (1995), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Соли 1948 факултаи забон ва адабиёти руси ИДПХ-ро (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров) хатм намуда, дар макотиби миёна дарс додаст. Аз соли 1958 фаъолияташро  дар ИДПХ шурўъ намуда ба сифати муаллиму муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус заҳмат кашидааст.Чандин сол мудири ҳамин кафедра буд. Оид ба масоили таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, омўзиши ҳаёту осори адибони барҷастаи рус дар синфҳои тоҷикӣ ва ғайра беш аз дусад таълифот ба табъ расонидааст. 3 анвари соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд аз дунё гузашт.

Дар Китобхонаи миллӣ аз профессор Бароат Ҳоҷибоева метавонед ин матолибро мутолиа намоед:

Изучение лирики А. С. Пушкина в 8 классе таджикской школы. – Душанбе,1967.

Изучение лирики В.В. Маяковского в 10 классе таджикской школы- Ленинабад,1968.

Изучение лирики на уроках русской литературы в старших классах таджикской школы. – М.,1968.

Изучение русской литературы в её взаимосвязях с родным языком в школах с таджикским языком обучения. – Д.,1976.

Изучение жизни и творчество А. Фадеева в 10- класса таджикской школы. – Ленинабад,1977.

Упражнение в задание по русской литературе для учащихся профессионально-технических училищ Таджикской ССР.– Д.,1988.

Изучение жизни и творчество Н.А.Островского в 10-класса школ с таджикским языком обучения. – Д.,1990.

Актуальные проблемы преподавания русской литературы в таджикской школе. – Х.,1993.

Изучение повести А. С Пушкина «Капитанская дочка». – Х. – 1998.

Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ