Кайҳонаварди дили инсон

Адиби оламшумул Чингиз Айтматов аз дӯстони хеле наздики адибони тоҷик буд. Вай ба адабиёти пурғановати форсу тоҷик эҳтироми хоса дошт ва борҳо ба Тоҷикистон омадаву дар чорабиниҳои адабиву фарҳангии кишварамон ширкат кардааст. Ҳамзамон адибони маъруфи тоҷик низ ҳамеша меҳмонони азизи ин нобиғаи асри 20 ва аввали асри 21 буданд.

Дар бораи Чингиз Айтматов ҳарфи гуфтанӣ зиёд аст. Аммо ин ҷо пеш аз он ки дар бораи тарҷумаи ҳолаш суҳбат кунем, ба чанд нуктаи муҳим мехоҳем ишора намоем.

Чингиз Айтматов бо 46 ҷоизаи давлатии кишварҳои гуногун  сарфароз шудааст. Аввалин ҷоизаи худ (медали “Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945)-ро нависанда дар 17-солагӣ соҳиб шудааст. 
Асарҳои ин адиби барӯманд дар сар то сари олам бо 150 забон 650 маротиба нашр шудааст. 
Медали тилло  ва Хазинаи байналмилалии Чингиз Айтматов таъсис дода шудааст.

Соли 1993 дар шаҳри Бишкек Ҷамъияти байналмилалии Академияи Айтматов созмон дода шуд. 
Чингиз Айтматов дар қаламрави Шӯравӣ аввалин нависандае буд, ки бангдонаро чун моддаи нашъаовар дар романи худ тасвир кард ва мусибати онро барҷаста нишон дод. 
Калимаи “манқурт” сохтаи ӯ буд ва он ба як мафҳуми барои ҳамагон умумӣ табдил ёфт. Ин образ дар адабиёт аз образҳои ҷовидона гашт. 

Солҳои охири ҳаёташ ӯро барои дарёфти ҷоизаи Нобел пешниҳод карданд ва ҷолиб он буд, ки адибро кумитае пешниҳод намуд, ки дар Туркия созмон ёфта буд. Туркҳо Айтматовро бузургтарин адиби ҳамзабони худ медонанд. 

Ва боз: маросими бахоксупории адиби маъруфро шахсан президенти вақти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев сарварӣ карда буд.  

Айтматов Чингиз Турақулович 12 декабри соли 1928 дар деҳаи Шакари ноҳияи  Кирови вилояти Таласи Ҷумҳурии Қирғизистон ба дунё омадааст. Падараш Турақул Айтматов корманди давлатӣ ва шахси шинохтае буд. Аммо соли 1937 боздошт ва соли 1938 парронда шуд.  Модараш тотор буд ва дар театри маҳаллӣ ҳунарнамоӣ мекард. Дар оила бо замбонҳои қирғизӣ ва русӣ сӯҳбат мекарданд ва ҳамин дузабонӣ барои нависандаи оянда таъсири муҳим дошт.

Вай аввал омӯзишгози зоотехникии Ҷамбулро хатм кард, сипас донишкади кишоварзии шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек)-ро  хатм кард.

Аввалин ҳикояи ў «Газетачӣ Дзюдо» дар матбуот соли 1952 чоп шуд. Повести вай «Ҷамила» соли  1958 интишор ёфт ва се сол баъд бо замбони тоҷикӣ низ тарҷума ва чоп шуд. Ин повест, ки аз ишқу муҳаббат, ҳуқуқи зани қирғиз ба саодати шахсӣ, ба фаъолияти ҷамъиятӣ баҳс мекунад, шўҳрати калон ёфт.

Айтматов барои китоби «Қиссаҳои кўҳсор ва даштҳо», ки соли 1962 чоп шуд ва бо забони тоҷикӣ бо номи «Роҳи каҳкашон» соли 1965 нашр гардид, ба дарёфти ҷоизаи ленинӣ шарафёб шуд.

Барои повестҳои «Ҷамила», «Муаллими аввалин» «Алвидоъ, Гулсарӣ» соҳиби ҷоизаи давлатии ССР гардид ва худро ҳамчун  нависандаи  навовар ва устоди портрети психологӣ зоҳир намуд. Дар мадди назари нависанда масъалаи инсон ва ҷамъият меистад. Қаҳрамонони Айтматов рўҳан пурзўр, дар ҳаёти иҷтимоӣ фаъол мебошанд.

Дар повести «Киштии сафед» (1970)  таҷрибаи наслҳо ва анъанаҳои маънавии миллат тасвир ва тавсиф  ёфта, арзиши олии идеали ахлоқии халқ таъкид шудааст.

Повести «Турнаҳои бармаҳал» соли 1976 чоп шуд. Пйесаи Айтматов ва К. Муҳаммадҷонов «Қуллаи Фудзияма» аз соли 1974 дар Театри академии драмаи Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешавад.

Айтматов ба протсесси инкишофи адабиёти сермиллати шӯравӣ, хусусан ба насри халқҳои Осиёи Миёна таъсири файзбахш дорад. Амиқтар шудани таҳлили психологӣ ва тадқиқи иҷтимоии воқеият, ки зуҳуроти тақвияти реализми сотсиалистӣ мебошанд, шаҳодати ин аст.   

Нависанда 10 июни соли 2008 аз  олам даргузашт.

Бозчоп аз  “Энциклопедияи советии тоҷик”

Аз Чингиз Айтматов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:

Роҳи каҳкашон: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 462 с.

Алвидоъ Гулсарӣ: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 254 с. 

Киштии сафед: Повест. – Душанбе: Маориф, 1984. – 134 с.

Дуроҳаи бўронӣ: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 368 с.

Аскарбача: Ҳикоя  / Тарҷумаи Ў. Холиқов // Осмони соф. – Душанбе, 1985. – С. 118-124.

Нахустин устод: Повестҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 176 с.

Буранный полустанок: Повесть. – Москва: Профиздат, 1989. – 608 с.

Пораабри сафеди Чингизхон: Повест. – Душанбе: Адиб, 2004. – 127с.

Ду устод: Айнӣ ва Авезов // Маориф ва маданият. – 1968. – 12 октябр.

Дидор: Ҳикоя  // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1973. – 24 феврал.

Алвидоъ, Гулсарӣ!: Повест / Тарҷумаи Ф. Муҳаммадиев // Садои Шарқ. – 1966. – №8. – С. 78-106,  №9. – С. 76-109, №10. – С. 37-70, №11. – С. 65-83.

Писари сарбоз: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 8 ноябр.

Донишҷў ва хор: Порча аз Қиссаи тарҷумаҳолии Чингиз Айтматов “Бачагии ман” // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 27 декабр.

Арўси абадӣ: Пораее аз романи “Вақте ки кўҳҳо фурў мерезанд” // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 9 октябр.

Суруди сайёди пир: Порае аз қиссаи “Алвидоъ, Гулсарӣ” / Тарҷумаи Зебунисо Бобоалиева // Адабиёт ва санъат. – 2016 . – 24 ноябр.

Дар бораи адиби шинохта

Саидов, Н. Кўҳи баланд: Ё чанд сухане аз Чингиз Айтматов // Садои мардум. – 2004. – 22 декабр.

Юсуфӣ, И. Чингиз тасхиргари дилҳо: Чингиз Айтматов // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 25 декабр.

Гулрухсор. Кайҳонаварди дили инсон: Ба ифтихори 85-солагии зодрўзи нависандаи бузурги ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 19 декабр.

Бобоалиева, З. Зиндагии ў идома дорад: Фаъолияти публитсистӣ ва осори адиби шоистаи Чингиз Айтматов // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 13 июн.

Бобоалиева, З. Чингиз Айтматов ва арзишҳои умумибашарӣ: Аз фаъолияти осори адабии Чингиз Айтматов // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 10 июл.

Бобоалиева, З. Бозтоби симои зан дар осори Чингиз Айтматов: Аз эҷодиёти нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 6 март.

Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ