Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: СОЗТАРОШӢ

Созҳои мусиқии нафасӣ аз чўби зардолу, тут, чормағз ва найшакар (бамбук) ва филиз созта мешаванд. Дар раванди коркарди маҳсулоти чўбӣ барои сохтани созҳои нафасӣ (най, сурнай, тутак) устоҳо бо асбобҳои одии исканҷа нуқсонҳои на он қадар мураккабро дар чўб бартараф намуда, сипас бо симарра ё дастгоҳи наҷҷорӣ дигар корҳои нафаси созро аз рўи қолаб анҷом медиҳанд.

Олами созҳои мусиқии Тоҷикистон хеле рангин буда, ҳар як сози мусиқӣ сохт, намуд, садодиҳӣ ва хусусиятҳои ба худ хосро дорост.

Пайванди ногусастании наслҳоро метавон дар ҳунари аксар устоҳои созтароше дид, ки имрўз фарзандон касби онҳоро идома медиҳанд. Касби созтарошии суннатӣ аслан авлодӣ буда, он дар доираи системаи «устод-шогирд» сурат мегирад. Наврасону ҷавонони боистеъдод низ ба тарзи шогирд истодан ин ҳунарро аз худ мекунанд. Давраи омўзишӣ 10-12 моҳро дар бар гирифта, сипас ба шогирд кори мустақилона супорида мешавад.

Барои сози хубро офаридан нақши муҳимро масолеҳ ва тарзи коркарди он мебозад. Устоҳои созтарош аслан аз чўби чанор, тут, чормағз, зардолу ва дигар дарахтони мевадор барои тайёр намудани соз васеъ истифода мебаранд. Коркарди чўб раванди хеле дуру дароз аст. Аввалан, дарахти на он қадар пир интихоб шуда, сипас он ба муддати хеле дароз дар дохили об нигоҳ дошта мешавад. Об бояд равон бошад, то ин ки бофишори худ ба мағзи чўб ворид гашта, тамоми ҳашарот, қисмҳои нолозим ва ширешро аз таркиби он шуста барад. Баъд аз он марҳилаи хушкондани чўб шурўъ мегардад. Чўбро рост гузошта, хушк мекунанд. Ҳар қадар, ки чўб хушк шавад, сифаташ ҳамон қадар хуб мешавад. Барои инкори дар назари аввал саҳлу осон аз 10 то 15 сол сарф мешавад.

Созро танҳо аз чўби дарахтони мевадор зардолу, тут ва чормағз месозанд. Най, рубоб, ғижак, танбўр, дуторро аз дарахт ва ё решаи зардолу, сеторро аз чўби тут месозанд. Созҳои аз дарахтони мевадор сохта шуда овози ширадори форам доранд. Ба ақидаи баъзе  устоҳо барои он, ки соз садои форам пайдокунад, чўби онро бояд вақти шукуфтан омода намуда, пўсти созро аз пўсти гўсолаи навзод ва торҳои онро аз рудаҳои борики баррачаи навзод тайёр кардан лозим аст. Аз чўби дарахти аз ҳосил мондаву бисёрсола сози мусиқӣ басо эҷодкоронаю пурмасъулият муносибат мекунанд.

Як намуди дигари хушконидан, ки пештар маъмул буд, дар дохили коҳ ҷокардани чўб буд. Ин усул ранги чўбро дигар карда (ранги қаҳваранг ҳосил мегардад), ба он як намуди ороишӣ мебахшад. Ҳоло ҳам баъзе устоҳои созтарош аз ин тарзи коркард истифода мебаранд.

Баъди тайёр намудани қолаби соз, устоҳо барои муайян кардани садо ба кор шурўъ мекунанд. Аз ҳама марҳилаи мушкил муайян намудани қаторовоза аст. Дар ин раванд усто бояд шунавоии хуби мусиқӣ дошта бошад.

Устоҳои созтарош дар ибтидо аксари созҳои худро бе парда месохтанд. Хоси мардуми кўҳистон аслан созҳои думбра, тутак, таблак, рубоб, рубоби бадахшӣ, танбўр, қумрӣ, даф, ғиҷак, ғиҷаки чоркунҷаи тунукагӣ мебошад.

Созҳои мусиқии нафасӣ аз чўби зардолу, тут, чормағз ва найшакар (бамбук) ва филиз созта мешаванд. Дар раванди коркарди маҳсулоти чўбӣ барои сохтани созҳои нафасӣ (най, сурнай, тутак) устоҳо бо асбобҳои одии исканҷа нуқсонҳои на он қадар мураккабро дар чўб бартараф намуда, сипас бо симарра ё дастгоҳи наҷҷорӣ дигар корҳои нафаси созро аз рўи қолаб анҷом медиҳанд.

Найро созтарошон аз чўби зардолу, тут, чормағз ва филиз месозанд. Бараш 20-30 мм ва дарозиаш 450-520 мм аст. Сози най шаш сўрохӣ барои навозиш, як сўрохӣ лаб ва чор сўрохии ёридиҳанда дорад.

Сурнай аз чўби чормағз ё зардолу сохта мешавад. Нўги борикаш дорои сарпўшест, ки ба он найчаи филизӣ ва забонаки тунуки қамишӣ пайваст буда, барои навохтан хизмат мекунад. Сурнай шаш сўрохӣ аз тарафи берун ва як то аз тарафи дарун, барои иваз намудани регистор дорад.

Созҳои мусиқии касбӣ ҳамаашон дар асоси такмил додани созҳои миллӣ сохта шудаанд. Аз ин ҷиҳат созҳоро метавон ба ду гурўҳ ҷудо намуд: созҳои халқӣ ва созҳои барои гурўҳҳои касбӣ. Аввалӣ, аз ҷониби ҳунармандони ҳаваскор сохта мешавад, дуюм аз ҷониби устоҳои касбӣ. Тарзи сохтани созҳо метавонад инфродӣ ва дастаҷамъона бошад.

Бозчоп аз Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – С. 96-98. 

Таҳияи Нилуфар Валиева
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ